7 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҳакамон ва довталабон ширкат намуданд. Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тибқи Амри Президент аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мегардад. Дар даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Тибқи нақшаи тасдиқгар-дида, озмун барои иштирокчиёни ҳар минтақа дар рӯзҳои алоҳида баргузор хоҳад шуд. Озмун барои иштирокдорон аз ВМКБ рӯзи 7-уми декабр, барои иштирокдорони вилояти Суғд рӯзҳои 7-8 декабр, барои иштирокдорон аз вилояти Хатлон рӯзҳои 9-11-уми декабр, барои иштирокдорон аз НТҶ рӯзҳои 12-13-уми декабр ва барои иштирокчиён аз шаҳри Душанбе рӯзҳои 13-15-уми декабри соли ҷорӣ, ҳамарӯза аз соати 9:00 то 16:00 аз рӯйи номинатсияҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ доир мегардад. Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, довталабони ҳар номинатсия ба се гурӯҳ ҷудо карда шудаанд: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагои касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат). Дар назар аст, ки маросими ҷамъбастии озмун 20-уми декаб-ри соли 2020 сурат гирифта, ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷоизаву туҳфаҳои муқарраршуда тақдим карда шавад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр