Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор ва мураббии соли вилоят муайян гардиданд

Сана: 2020-12-10        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии вилоятии озмуни  “Муаллими соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” баргузор гардид.

Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар расми ифтитоҳи озмун суханронӣ кард.

Ғолибони марҳилаи дуюми озмуни вилоятии “Мураббии соли Тоҷикистон” Ирода Ахмедова - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и шаҳри Конибодом,  Таҳмина Ҳоҷибоева - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Манфиат Сафарова - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии 7-и ноҳияи Мастчоҳ аз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ донишу маҳорати худро намоиш доданд. Боиси қайд аст, ки ҳамаи иштирокчиён аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд ва аз воситаҳои аёнӣ, диск ва таҷҳизоти дастисохт моҳирона истифода бурданд.

Дар ҷамъбаст мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Таҳмина Ҳоҷибоева сазовори ҷойи якум гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Дилором Ҷалолова - омӯзгори фанни биологияи МТДМ-и хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сазовори ҷойи якум гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки то замони баргузории даври вилоятӣ 11 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” аз рӯи 5 шарт бо ҳам рақобат намуда буданд.

Дар марҳилаи дуюми озмуни вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” 15 нафар довталаб - ғолиби даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 6 шарт сабқат намуда буданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш