Дар ноҳияи Қубодиён хонандагон таътили худро дар лагерҳои фароғатию таълимӣ хушу гуворо ва бофароғат мегузаронанд. Дар 67 муассисаи таълимии миёнаи умумии ноҳия лагерҳои фароғатию таълимӣ дар 3 баст ташкил ва 5900 хонанда ба ин лагерҳо фаро гирифта шудаанд.
Хонандагон мувофиқи реҷаи рӯз ҳам истироҳат мекунанд ва ҳам ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул мешаванд.
Мутобиқи нақшаи шуъбаи маорифи ноҳия имсол 120 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ таътили тобистонаашонро дар лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрии «Истиқлол», ки дар мавзеи хушбоду ҳаво ва хушманзараи Варзоб ҷойгир аст, мегузаронанд.
Дар муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-интернати ноҳия низ зиёда аз 700 хонанда ба истироҳату фароғат машғуланд.
Мутаассифона, дар ин самт ҳоло ҳам камбудиҳои зиёде ба назар мерасанд. Аз сабаби маҳдуд будани имкониятҳо аз 37 437 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи ками онҳо ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.
Дар ояндаи наздик дар ноҳия бунёди лагери истироҳатию фароғатии замонавӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Аъзам Бобоев,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр