Нашрияи Омӯзгор

Китоби “Тоҷикон” дар Мурғоб

Сана: 2020-12-10        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Чанде пеш ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллат бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Тақдими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб шурӯъ гардид. Туҳфаи Пешвои миллатро Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусния Раҷабзода - раиси ноҳияи Мурғоб, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим медоранд.

Тавре Н.Собирзода иттилоъ дод, барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3800 китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар як хонавода расонида мешавад.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардид.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш