Нашрияи Омӯзгор

Тақдими стипендия ба 130 донишҷӯ

Сана: 2020-12-03        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани стипендияи раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими стипендияҳо ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз дошт, ки солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ, зиёд шудани ҳаҷми стипендияҳои донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба донишҷӯёни аълохон маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар миқёси вилоят  алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. 

Дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар донишҷӯю магистрант ва аспиранти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, ки аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда буданд, дар маҷмӯъ, 134 ҳазору 500 сомонӣ супорида шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш