Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи иншооти нав дар Роштқалъа

Сана: 2020-12-10        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

Чанд рӯз қабл сафари кории Ёдгор Файзов - раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъаев ба ноҳияи Роштқалъа доир гардид.

Сафари корӣ бо вохӯриҳо бо мардум бо мақсади ҷалби онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз гардида, гурӯҳи корӣ, инчунин, дар ин сафар аз корҳои ободонию созандагӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, ки сохтмонашон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо маром идома дорад, шинос гардида, даҳ иншоотеро, ки сохтмонашон ба анҷом расидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Сежд - яке аз ҷамоатҳои дурдасттарини ноҳия ду иншооти азим, дар деҳаи Шошбувад Наврӯзгоҳ ва дар деҳаи Юбен бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.

Бинои куҳнаи муассисаи мазкур солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохта шуда буд ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Оид ба ин масъала муроҷиати сокинони деҳаро ба назар гирифта, ҳукумати ноҳия ва вилоят сохтмони бинои нави ин мактабро нақшабандӣ намуданд.

Дар маросими ба истифода додани бинои нави мактаб раиси вилоят Ёдгор Файзов, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъаев ва раиси ноҳияи Роштқалъа Лоиқ Назаршозода ширкат намуданд. Бинои мазкур барои таҳсил дар як баст пешбинӣ шуда, аз тарафи вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ, ширкати “Помирэнерҷӣ” 200 ҳазор сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 200 ҳазор сомонӣ ва сокинони деҳаи Юбен 80 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш