Нашрияи Омӯзгор

Осорхонае дар Сангтӯда

Сана: 2020-12-10        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

4 декабри соли 2020 бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Данғара осорхонаи “Маорифпарварони Сангтӯда” таъсис дода шуд. ҳадафи таъсис додани осорхонаи мазкур дар рӯҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас мебошад. 

Дар ифтитоҳи Осорхонаи “Маорифпарварони Сангтӯда”  намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомии АТТ, ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара, осорхонаи вилояти Хатлон ва ВАО  иштирок намуданд.  Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академик Ирина Каримова бо сухани муқаддимавӣ осорхонаи мазкурро муаррифӣ намуд.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода таъсиси осорхонаи “Маорифпарварони Сангтӯда”-ро кори шоиста ва арзанда маҳсуб дониста, қайд намуд, ки ин амал боиси дастгирӣ ва ибратпазирӣ мебошад. Ҳамзамон, мавсуф зикр намуд, ки ин иқдом ба хонандагону омӯзгорон ва сокинони деҳаи Сангтӯда ва умуман, ноҳияи Данғара имкон медиҳад, ки бо шахсиятҳои номдори ин диёр, аз ҷумла, аввалин маорифчиён, аз қабили ҷонмуҳаммад Таҷизода, Куган Давлатов, ғаффор Бадалов, Раҷаб Дӯстов,  Абдураҳим Одинаев, Абдуалӣ Раҳмонов, Акрам Тағойхонов, Шариф Хидиров, Холбой Раҳмонов, Юсуф Каримов, Хол Каримов ва дигарон маълумоти кофӣ пайдо намоянд.

Намояндаи осорхонаи вилояти Хатлон Гулнисо Сафарзода ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои ташкил ва таъсиси  Осорхонаи “Маорифпарварони Сангтӯда” ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш