Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамои омӯзгорон

Сана: 2020-12-10        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамунсозе барои мо, омӯзгорон, мебошад. Паёмҳои Президенти кишвар барои рушди низоми маориф  ва илм  заминаи боэътимоде гузошта, аҳли маорифро вазифадор менамоянд,  ки пайваста  дар тарбияи насли наврас  саҳми шоистаи худро дошта бошанд.

Пешвои миллат дар  Паёми порсолаашон фармуда буданд: “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем аз он ифтихор намоем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановате ҳастем”. 

Мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ  вазифадорем, ки аз рӯзи нахусти ба мактаб қадам гузоштани кӯдакон тарзи сухан гуфтан, шеър қироат кардан  ва муошират намуданро ба онҳо биомӯзем. Мебояд, ки  аз оғоз суханамон равону саҳеҳ бошад. Зеро кӯдаконро тарбия намудан агар дар навбати аввал вазифаи падару модар бошад, баъдан  ин рисолатро омӯзгор ба дӯши худ мегирад. Чун кӯдакон хеле ҳассосанд ва муносибати рӯякию сохтаро намепазиранд, омӯзгорро лозим аст,  дили онҳоро бо суханҳои модарона дарёбад.

Баъдан тавассути китобхонӣ метавон кӯдаконро қобилияти баланди сухан кардан ва забон омӯхтан ёд дод. Бояд донист, ки кӯдакон аз хондани маҷбурӣ одатан самаре намегиранд,  аз ин рӯ, омӯзгор мебояд роҳҳои дигари ҷолибро дарёбаду дар дили кӯдак муҳаббати китобро ҷой бидиҳад. Китоб зеҳни ӯро сайқал медиҳад, инкишофи нутқашро афзун менамояд. Яъне хондани китобҳои бадеӣ, пеш аз ҳама, барои забондонии шогирдон мусоидат менамояд.  

Ҳамчунин, дар бораи забондонии шогирдон луғатомӯзӣ хеле муфид аст. Ман ҳар калимаеро, ки барои шогирдон номафҳум аст, нахуст дар тахтаи синфӣ менависам ва баъдан маъниашро барояшон шарҳ медиҳам. Аз шогирдон тақозо мекунам, ки ҳатман дафтари луғат дошта бошанд ва ин калимаҳоро навишта, дар зеҳнашон бигиранд. Баъдан барои инкишоф ёфтани нутқи онҳо аз шеър истифода мекунам ва байте аз устод Рӯдакӣ мехонам:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Баъдан байтро ба онҳо шарҳ медиҳам: Бачаҳои азиз, дар ин байт шоир таъкид менамояд, ки бояд   бештар китоб хонед, то роҳи донишро биёбед, зеро аз рӯзе, ки дунё пайдо шудааст, инсон ҳамеша пайи андӯхтани  дониш аст, чунки танҳо дониш инсонро хушбахту комил менамояд;

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В- аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ва боз суханамро бо шогирдонам идома медиҳам: бубинед, азизакони дилам, чӣ қадар шоир  дар хусуси дониш ва арзиши донишу хирад хуш гуфтааст:  бубинед, чӣ қадар ширину дилнавоз аст забони модарии мо. Ба гуфти шоир, дониш мисли чароғест, ки роҳи дили инсонро мунаввар мекунад ва мисли ҷавшане дар тан аст.

Волидайн ва устодони мактабро зарур аст, ки дар тарбияи забономӯзии кӯдакон масъулияти бештар дошта бошанд. Агар кӯдакон забони модарии худро хуб надонанд, онҳо забонҳои дигарро низ дақиқ аз худ карда наметавонанд, зеро дар ҳар сурат бояд нахуст фарҳангу забони худро омӯхт. Аслан, забони  тоҷикӣ забони илм, дониш фарҳанг ва сулҳу ваҳдат аст.

 

Моҳрӯ Раҳимова,

омӯзгори мактаби № 43,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш