Нашрияи Омӯзгор

Заминаи вусъати имконот

Сана: 2020-12-12        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

Ба таълими забони англисӣ дар кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Махсусан, омӯзиши забони англисӣ дар синфҳои поёнӣ мавриди таваҷҷуҳи омӯзгорон, забондонон ва волидон гаштааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурии мо омӯзиши забони русӣ аз синфи 2 ва англисӣ аз синфи 3 оғоз меёбад. Дар синфҳои поёнӣ аз худ кардани чанд забони хориҷӣ дар баробари омӯхтани забони модарӣ барои кӯдакон мушкилӣ ба бор меорад. Бинобар ин, омӯзондани самараноки забони хориҷӣ ба кӯдакони ин синну сол аз омӯзгорон нозуксанҷиро талаб менамояд.
Ҳангоми таълими кӯдакон ба забони хориҷӣ бояд дар назар дошт, ки онҳо бо роҳи тақлиди суханони калонсолон, инчунин, бо баровардани хулоса аз ҳама чизе, ки мебинанд ва мешунаванд, забонро аз худ мекунанд. Мутахассисон дар ин масъала як ақида доранд: кӯдак забонро бояд бошуурона аз худ намояд, омӯзиш набояд ба раванди тақлид мубаддал ёбад, кӯдакон бояд забони хориҷиро чун воситаи муошират аз худ намоянд ва тамоми ҷузъҳои омӯзиш (интихоб ва пешниҳоди маводи забонӣ) бояд ба ҳадафи коммуникативӣ мутобиқ гардонда шавад.
Бо назардошти ин, асосҳои умумии таълими забони хориҷиро дар синфҳои поёнӣ қайд кардан муҳим аст. Аввалан, муаллим бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дарсҳо дар асоси муносибати инфиродӣ дар муҳити омӯзиши аҳлона гузаранд. Дуюм, муаллим бояд чунин усули азхудкунии донишро пешниҳод созад, ки махсус ба рушд равона шуда бошад. Барои ин муҳим аст, ки ҳар як кӯдак қаҳрамони асосӣ дар дарс бошад, худро озод ва бароҳат эҳсос кунад, дар баррасии мавзӯи дарс фаъолона иштирок намояд.
Мутаассифона, ҳолат-ҳоеро метавон мушоҳида кард, ки муаллим дар синф ниҳоят фаъол аст, асбобҳои аёнияти худ омодакардаро истифода мебарад, дарс мегузарад ва муҳтавои мавзӯъро шарҳ медиҳад, шаклҳои гуногуни корро татбиқ мекунад.  Ноқаноатмандӣ дар бисёр ҳолат аз он ҷиҳат ба вуқуъ меояд, ки кӯдакон дар нақши иҷрокунандагони итоаткори иродаи муаллим баромад мекунанд: онҳо боинтизомона супоришҳои ӯро иҷро мекунанд. Ин гуна шакли таълим ҳангоми омӯзондани забони англисӣ танҳо як дараҷа фаъолнокии ҳар хонандаро ба вуҷуд меорад ва ба гумон аст, ки ба рушди эҷодии кӯдак мусоидат кунад. Аз ин хотир, муҳим аст, ки кӯдакон озод бошанд, дар якҷоягӣ бо муаллим дарсро «ташкил кунанд».
Забони англисиро хонандагон бояд ҳамчун воситаи муошират аз худ кунанд. Кӯдакон бояд ин забонро дар раванди муоширати шавқовар ва дар заминаи аёниятҳо омӯзанд.
Омӯзондани забони англисӣ бо усулҳои нав дар синфҳои поёнӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки кӯдакон дар хурдӣ забонро зудтар аз худ мекунанд ва ин барои васеъ шудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат менамояд.

Зариндухт НУРАЛИЕВА,
омӯзгори забони англисии коллеҷи информатика
ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш