Нашрияи Омӯзгор

Ситораи тобони илми тоҷик

Сана: 2020-12-11        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии Абдуқодир Маниёзов дар мавзӯи «Абдуқодир Маниёзов ва рушди илми адабиётшиносӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва доираи васеи олимони кишвар ширкат варзиданд. Ҳамчунин, ба ин муносибат китоби нав  зери унвони «Зинданом» (маҷмӯаи мақолаҳо ва ёддоштҳои олимону пажӯҳишгарон) муаррифӣ гардид.

Вазири маориф ва илм М. Имомзода зимни суханронӣ аз фазилатҳои устоди накуном Абдуқодир Маниёзов ёдовар гардида, ӯро ҳамчун ситораи тобони илми тоҷик арзёбӣ намуд. Хидматҳои ин олими тавоно дар рушди илми тоҷик мондагор мебошад. Дар мақолаи хеш М. Имомзода,  қайд намудааст: «Ҷустуҷӯҳои Абдуқодир Маниёзов дар ҷодаи илм аз таҳқиқи эҷодиёти устод Айнӣ шурӯъ гардида, тадриҷан хусусиятҳои эҷодии адибони  зиёди муосиру классики тоҷик аз ҷониби ӯ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Мақолаҳои ӯ доир ба эҷодиёти С. Айнӣ аз соли 1956 сар карда дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Мақолаҳои «Материалҳо доир ба фаъолияти публитсистии С. Айнӣ» «Фаъолияти журналистии С. Айнӣ», «Мулоҳизаҳо доир ба ташаккули насри С. Айнӣ» барои муайян намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти устод Айнӣ нақши боризе доранд.  Соли 1958 натиҷаи ҷустуҷӯҳои чандинсолаи А. Маниёзов дар амри таҳқиқи осори Айнӣ рисолаи муфассали ӯ таҳти унвони «Публитсистика ва назми устод Айнӣ» ба табъ расид, ки дар айнишиносии тоҷик саҳифаи тоза буд… Абдуқодир Маниёзов соли 1960 дар мавзӯи «Марҳалаҳои аввали эҷодиёти С. Айнӣ ва мақоми он дар адабиёти инқилобии Шарқи Наздик» таҳти роҳбарии И. С. Брагинский дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва ҳамчун ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолияти илмии худро идома дод».

Нахустин мақолаҳои ӯ солҳои 50-уми асри гузашта ба табъ расидааст. Ӯ муаллифи рисолаи «Публитсистика ва назми Садриддин Айнӣ» (1958), «Луғати имло» (1991, бо ҳаммуаллифии А. Мирзоев), китобҳои «Назмшиносии тоҷик» (1993), «Ҳакими суханвар» (дар бораи рӯзгор ва осори Носири Хусрав, 2003, бо ҳаммуаллифии Худоӣ Шарифов) ва зиёда аз 200 асару мақолаи илмӣ мебошад.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қ. Хушвахтзода зикр намуд, ки як паҳлуи фаъолияти илмии А. Маниёзов ба тадқиқи масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик, ҳусни сухан ва маҳорати суханварӣ, тарғибу пуштибонӣ аз забон ва фарҳанг, зарурати таърихии омӯзиш ва бузургдошти забонҳо алоқа мегирад, ки дар ин ҷабҳа низ ӯ мақола ва гузоришҳои ҷолиб дар саҳифаҳои нашрияҳои Тоҷикистон ва Россияву Эрону Афғонистон ба табъ расонидааст… Доираи фаъолияти Абдуқодир Маниёзов фақат ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи адабиёт ва гӯяндагӣ, корҳои маъмурӣ ва созмондиҳӣ маҳдуд намешавад. Ӯ масъалаи тарҷумаи бадеиро бо амали бевоситаи тарҷумонӣ якҷоя анҷом дода, дар ин самт низ ба ҳайси муҳаррир, мураттиб ва мутарҷими муваффақ шинохта шудааст. «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Алишери Навоӣ аз ҷумлаи тарҷумаҳоест, ки аз ҷониби Абдуқодир Маниёзов  бо як масъулият, маҳорат ва бо ниҳояти  забондонӣ тарҷума ва ду маротиба (солҳои 1961, 1989) бо тавзеҳ ва пешгуфтори ӯ чоп шудаву дар байни хонандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шуҳрат ёфтааст. Абдуқодир Маниёзов «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро низ бо ҳамқаламии Нусур Холмуҳаммадов тарҷума кардааст, ки он дар ду ҷилд (солҳои 1983, 1985) чоп шуда буд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зикр намуд, ки ман аз он зумраам, ки овозаи Абдуқодир Маниёзовро аввалан аз овозаш дарёфтаанд. Навҷавон будем, ки бисёр дар радиову гоҳ-гоҳ дар телевизион суҳбат мекард, шеър мехонд, ҳикояву қиссаҳоро қироат менамуд. Овози орому ҳамвор ва мулоиму гӯшнавоз аз ботини беғашу ҳассосаш гувоҳӣ медод ва маъниву мақсадро бехалал ба шунаванда мерасонд… Абдуқодир Маниёзов узви фаъоли бисёр ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла, Иттифоқи нависандагон ҳам буд ва рӯзгору осораш, чун як шахси пухтакор ва шаҳрванди вафодор, намунаи ибрат барои аъзои ин даргоҳ, бахусус, адибони ҷавон хоҳад монд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода қайд намуд, ки доманаи таҳқиқ ва муҳтавои таълифоти А. Маниёзов дар чаҳорчӯбаи назария ва таърихи адабиёти навини тоҷик маҳдуд нашудааст. Ӯ оид ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Дақиқӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва эпоси «Гуруғлӣ»… изҳори андеша намуда, пайванди ногусастании афкори адабии хаттию шифоҳии халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ба таҳқиқ гирифтааст. Зиёда  аз ин, як силсила мақолоти устод Маниёзов ба масъалаҳои равобити адабии халқҳои олам бахшида шудаанд. Мувофиқи ақидаи устод,  аҳамияти маърифатӣ ва тарбиявии адабиёти бадеӣ, пеш аз ҳама, дар мавзӯи дӯстиву рафоқат, хоса, дӯстиву якдигарфаҳмии халқҳои ҷаҳон матраҳ мегардад ва адабиёти ғановатманди тоҷик дар ифодаи ғояҳои умумиинсонӣ мақоми пешбаранда дорад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдушукури Абдусаттор зикр намуд, ки самтҳои таҳқиқоти илмии устод Маниёзов гуногунпаҳлу ва доманадор буд ва масъалаҳои таърихи адабиёти муосир ва классики тоҷик, нақди адабӣ ва назарии адабиёт, назмшиносӣ, робитаҳои адабӣ ва амсоли онҳоро фаро мегирифт. Алалхусус, дар айнишиносии тоҷик устод Маниёзов яке аз нахустин ва пуркортарин муҳаққиқон маҳсуб мегардад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Бадриддин Мақ-судов зикр намуд, ки дар садо ва симои тоҷик бо овози дилнишину нотакрори худ асарҳои адибони тоҷикро қироат мекард. Ӯ донандаи забардасти забони тоҷикӣ буд. Борҳо дар суҳбатҳои худ мегуфт, ки қабл аз қироат намудани ин ё он асари адибони муосири тоҷик дар радио онро гаштаю баргашта хондаву тасҳеҳ мекардааст. Махсусан, мутуни филмҳои мустанади таърихӣ ва ҳокӣ аз дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистонро бо садои ширадору мутантан ва лаҳни бағоят гуворою дилрабо қироат мекард. Аз шунидани садои суханронии А. Маниёзов касро ҳисси ифтихор ва ватандӯстӣ фаро мегирифт… Имрӯз устод Абдуқодир Маниёзов, пайвандгари дилҳою наслҳо ҷисман дар байни мо нестанд. Аммо садои меҳрофарину ҳидоятҳои пайвандгаронаи  эшон ҳанӯз дар гӯшу ҷонҳо танинандоз аст. Ёдашон ба хайр.

Абдуқодир Маниёзов, адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони ИҷШС (1963), узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (1981), Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон (1996) буд ва  солҳои 1956-1961 дар шуъбаи адабиёти советии тоҷики Институти забон ва адабиёт ба таҳқиқоти илмӣ машғул шуда, солҳои 1962 -1969 вазифаи муовини директори институт кор  кардааст. Аз соли 1969 то соли 1972 ба сифати муовини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик ва тайи солҳои 1972 -2000 дар вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият доштааст. Мавсуф то охири умр дар рушду ривоҷи илму фарҳанг ва маорифи кишвар хидмат намуд ва кулли номзадҳо ва докторони илм, ки аз солҳои ҳафтодуми қарни бистум ба майдони фаъолият қадам гузоштаанд, маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои ӯ ба ҳайси раиси Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба ин муваффақиятҳо ноил гардидаанд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш