Нашрияи Омӯзгор

«Шарора» оғӯш мекушояд

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и шаҳри Кӯлоб дар мавзеи зебоманзари доманакӯҳҳои Эмомаскарии ноҳияи Муъминобод воқеъ гаштааст. Дар басти якуми лагер 120 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб бо маблағгузории Шӯрои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар расми кушодашавии мавсими имсолаи  истироҳатгоҳи «Шарора» раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи шаҳр У. Хушвақтов иттилоъ дод, ки имсол лагер ният дорем, 360 нафар кӯдаку наврасро дар се баст ба истироҳату фароғат ҷалб намоем. Бояд қайд кард, ки истироҳатгоҳи «Шарора» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ягона истироҳатгоҳи фароғатии мавсимӣ ба шумор меравад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш