Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз 7 то 12 декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоишгоҳи дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот, ғояҳои нав ва эҷодиёт баргузор гардид. Ҳамчунин, бахшида ба эълон гардидани иқдоми мазкур аз 1 январи соли 2021 дар назди факултаи табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди неруи инсонии Донишгоҳи давлатии Данғара, Маркази доимамалкунандаи рушди донишҳои дақиқ ва риёзӣ ташкил мегардад. Дар намоишгоҳи мазкур дастовардҳои зеҳнии донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, дар доираи татбиқи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ – равзанаи 2, «Механизми ҷалби духтарони деҳот барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара», ки аз ҷониби Вазорат маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ сарпарастӣ мегардад, фестивал-намоишгоҳ бо иштироки донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар фестивал хонандагони мактабҳо низ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои худро муаррифӣ намуданд. Ҳадафи асосии намоишгоҳи мазкур бошукӯҳ муаррифӣ намудани дастовардҳои зеҳнии факултаҳо дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 мебошад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр