Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияту моҳияти «иқтисоди сабз»

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Иқтисоди сабз ва мавқеи он дар тағйирёбии иқлим” дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир гардид.
 Дар оғоз ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён суханронӣ кард. Гуфта шуд, ки ба соҳаҳои илму маориф, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, такмил додани низоми таҳсилот ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии донишҷӯён, таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Барои расидан ба мақсадҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии Данғара нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор додаанд, ки гурӯҳбандӣ намудани донишҷӯён бо назардошти маҳфилҳои фаннӣ, гузаронидани мусобиқаҳои зеҳнӣ, бозиҳои расмӣ-касбии “Донишҷӯ бо беҳтарин донишҳои фанҳои дақиқ” (математика, физика, химия, биология, информатика) ҳар ду моҳ гузаронидани олимпиадаҳои дохилифакултаӣ ва дохилидонишгоҳӣ ҷиҳати омода намудани донишҷӯён барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ аз қабили онҳост. 
Дар қисмати охири конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ маърӯзаҳои илмии донишмандон, аз ҷумла, профессорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар мутахассисони соҳа шунида шуд. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш