Нашрияи Омӯзгор

«Насими Фархор» ба фаъолият оғоз намуд

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар назди осоишгоҳи «Насими Фархор» бо ташаббус ва дастгирии раёсати иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи вилояти Хатлон лагери таълимӣ-фароғатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Айни ҳол дар истироҳатгоҳи мазкур 35 нафар кӯдаку наврас аз оилаҳои ниёзманд ва тарбиятгирандагони хонаи бачагони ноҳия ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф ба истироҳату фароғати тобистонаи мактаббачагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар мавсими имсола дар назди аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия ташкили майдончаҳои беҳдошти саломатӣ бо додани хӯроки гарм (барои 7124 нафар кӯдаку наврас) ба нақша гирифта шудааст. Айни замон, дар басти дуюми лагерҳои наздимактабӣ 2867 мактаббача ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш