Нашрияи Омӯзгор

Риёзиёт - фанни шавқовар

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

Ба касоне, ки риёзиётро намедонанд, фаҳмидани дарси физика ва кимиё мушкил мегардад. Ҳангоми дохилшавӣ ба дилхоҳ муассисаи олӣ ва миёна имтиҳон аз ин фан ҳатмӣ мебошад. Ҷойи баҳс ҳам нест, ки на ҳамаи хонандагон қобилияти азхуд кардани фанни номбурдаро доранд. Хуб аст, агар кӯдак тарзи тафаккури риёзӣ дошта бошад. Ӯ метавонад натанҳо машқҳо ва баробариҳо, балки машқҳои мантиқиро озодона ҳал намояд. Хонандагоне ҳастанд, ки ба шарофати меҳнат ва кӯшишҳо метавонанд ба натиҷаҳои баланд дастрас шаванд ва гурӯҳи хонандагоне ҳастанд, ки ин фанро намефаҳманд ва дӯст намедоранд.
Нақши муаллими риёзиёт аз ҳавасманд кардани ҳар як нафар ба омӯхтани ин фан иборат мебошад. Албатта, дар ин масъала муаллимони синфҳои ибтидоӣ нақши калон мебозанд.  Омӯзгор дар навбати аввал бояд касби худ ва махсусан, кӯдаконро дӯст дорад. Муаллими ҳақиқӣ бояд ба худомӯзӣ сару кор дошта, ҳамқадами  рушди технологияҳои навин бошад. Дар баробари шеваҳои анъанавии таълим усулҳои интерактивиро истифода барад. Дар дарсҳои риёзиёт формулаҳои гузашта ва қоидаҳоро ҳатман якҷоя бояд такрор кунанд; дарсҳоро метавон бо машқҳо барои санҷидани зиракӣ ё тафаккури мантиқӣ, машқи хотира, тезбинӣ сар кард. Дарсҳо шавқовар мешаванд, агар онҳо такрор нашаванд: диктантҳои риёзиро бо диктантҳои графикӣ бо навбат гузаронидан, сохтани афсонаҳои риёзӣ ва ҳал кардани кроссвордҳо, нақл оид ба ҳаёт ва фаъолияти риёзишиносони машҳур дарсро рангин мекунанд. Ҳангоми гузаронидани корҳои мустақил ва санҷиш дар синф муҳит бояд ором ва хайрхоҳ бошад, кӯдак бояд боварии муаллимро ба қувваи ӯ, шавқу рағбатро ба муваффақиятҳои ӯ ҳис кунад. Дар вақти дарс дар бораи муносибати инфиродӣ ба хонандагон, кор дар ҷуфтҳо ва дар тимро бояд аз хотир набаровард. 

Гулбаҳор ҲАЙДАРОВА,
 омӯзгори синфҳои ибтидоии
 литсей-интернати
“Ҳотам ПВ”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш