Нашрияи Омӯзгор

Суғд: вазъи муассисаҳои таълимии камнуфус беҳбудӣ мехоҳад

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

Ҷиҳати иҷрои Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.09 то 24.09 2020 аз ҷониби кормандони илмии шуъбаи педагогикаи муқоисавӣ ва мактаби муосири АТТ вазъи таълиму тарбия ва сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфус дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар ин хусус президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода чунин гуфт:
-Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 91 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 75 227 нафар  хонанда фаъолият менамояд. Шурӯъ аз соли 2014 муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфуси ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ табдил дода шудаанд. Бинобар сабаби кам будани шумораи хонандагон дар 14 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия синфҳои камнуфус бо фарогирии 478 нафар хонанда ташкил карда шудааст. Ҳайати санҷиши АТТ вазъро дар 5 муассисаи таълимии синфҳои камнуфусдоштаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дод. Филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия дорои чор синфхона мебошад. Дар муассиса 293 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 10 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Санҷиш нишон дод, ки дар муассиса дар синфҳои 6-7 29 нафар ва синфҳои 8 - 9 21 нафар хонанда ба таҳсил машғуланд, ки ин хилофи моддаҳои 26 ва 40-и Низомномаи намунавии мактабҳои камнуфус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сабаби чунин ҳолро  масъулин дар нарасидани синфхонаҳо медонанд. Филиали муассисаи таҳсилоти умумии №28-и ноҳияи  номбурда ибтидоӣ буда, дорои ду синф мебошад, ки 18 нафар хонандаи синфҳои 2 ва 4-ро дар як синфи камнуфус муттаҳид кардааст. Дар ин муассиса 3 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти олии касбӣ ба хонандагон таълим медиҳанд. Бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад. Дар филиали муассисаи таҳсилоти умумии №34-и ноҳия, ки ибтидоӣ маҳсуб меёбад, 36 нафар хонанда дар ду синфи камнуфус ба таълим фаро гирифта шуда, 2 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти олии касбӣ ба онҳо таълим медиҳанд. Боиси нигаронист, ки таълимгоҳ бо омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин намебошад. Таълими фанҳои зикргардида ба зиммаи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ вогузор карда шудааст. Ин муассиса низ ба таъмири фарогир ниёз дорад. Филиали муассисаи таҳсилоти умумии №69 миёнаи асосӣ буда, дар он таълим ба забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Муассиса 39 нафар хонанда дошта, ба онҳо 6 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти олии касбӣ таълим медиҳанд. Синфҳои 1+3 ва 2+4 аз сабаби кам будани шумораи хонандагон муттаҳид карда шудаанд. Ба сабаби норасоии омӯзгорони соҳибихтисос, таълими фанҳои забони русӣ, технология (меҳнат), физика, санъати тасвирӣ, тарбияи ҷисмонӣ, забони хориҷӣ ба зиммаи омӯзгорони ғайриихтисос гузошта шудааст. Филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи №75-и ноҳия низ миёнаи асосӣ буда, аз се синф иборат аст. Дар муассиса 50 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 5 нафар омӯзгор таълим  медиҳанд.  Мутаассифона, дар таълимгоҳ аз сабаби нарасидани омӯзгорони ихтисосманд  таълими забони хориҷӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар муассиса китобҳои дарсӣ бо забони ӯзбекӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ намерасанд. Муассиса ба таъмири фарогир ва ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз дорад. Бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагон дар синфҳои камнуфуси муассисаҳое, ки мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, аз забони тоҷикӣ диктанти санҷишӣ гирифта шуда, дар доираи барномаи таълимӣ бо хонандагон пурсиш гузаронида шуд. Маълум гардид, ки баъзе аз хонандагон аз фанҳои таълимӣ дониши казоӣ надоранд ва адабиёти бадеиро мутолиа накардаанд. Ғуломқодир Бобизода дар идома изҳор дошт, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 41 муассисаи таълимӣ ва 1 мактаб-кӯдакистон фаъолият мекунад. Дар ин ноҳия низ аз соли 2014 муассисаи таҳсилоти умумии камнуфус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудаанд. Айни замон дар 4 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия ба сабаби кам будани шумораи хонандагон 14  синфи камнуфус бо фарогирии 64 нафар хонанда фаъолият мекунад.  Дар синфҳои камнуфуси зикршуда вазъи таълим ва сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Маълум шуд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №18-и ноҳия таълим ба ду забон: тоҷикӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.  Таълимгоҳ  аз 16 синф иборат буда, дар он 103 нафар хонанда ба  таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Теъдоди хонандагоне, ки бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд, 62 нафар ва бо забони қирғизӣ 41 нафарро ташкил медиҳад. Дар синфи 8 2 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Дар муассисаи номбурда  бо вуҷуди кам будани шумораи хонандагон, таъсиси синфҳои камнуфус тибқи талаботи Низомномаи намунавии мактабҳои камнуфус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст. Ҳамин тавр, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки дорои 10 синф мебошад, таълим бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин таълимгоҳ 1 синфи камнуфус бо фарогирии 7 нафар хонанда фаъолият мекунад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дорои 9 синф буда, дар он 203 нафар хонанда таҳсил мекунад. Дар муассиса 1 синфи камнуфус (синфи 9) бо фарогирии 9 нафар хонанда фаъолият мекунад. Дар таълимгоҳ 2 нафар омӯзгор ғайриихтисос мебошанд. Норасоии китоби дарсӣ аз фанни забони англисӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо аз ин фан мушкилӣ эҷод кардааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми  №38-и ноҳия дорои 11 синф буда, 185 хонанда дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 28 омӯзгор дарс мегӯянд. Дар таълимгоҳ як синфи  камнуфус (синфи 6) бо фарогирии 12 нафар хонанда фаъолият мекунад. Аз омӯзгороне, ки дар ин синф дарс медиҳанд, се нафарашон ғайриихтисос мебошанд.

- Дар ноҳияи Спитамен  танҳо дар як таълимгоҳ (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7) ду синфи камнуфус фаъолият мекунад. Филиали муассисаи таҳсилоти умумии №7 ибтидоӣ буда, дар он 42 нафар хонанда дар ду синфи камнуфус ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки  ба онҳо 4 нафар омӯзгор дарс мегӯяд.  Натиҷаи санҷиши корҳои хаттии хонандагон собит намуд, ки шумораи зиёди хонандагон ҳангоми навишт ба хатоҳои имлоӣ роҳ  медиҳанд. Онҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва хусусан, мавқеи гузоштани аломатҳои китобатро хуб намедонанд,-зикр намуд Ғ.Бобизода. Сабаби дар сатҳи паст қарор доштани сатҳу сифати дониши хонандагон аз аксарияти фанҳои таълимӣ дар синфҳои камнуфуси муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашуда корбурди усулҳои анъанавию қолабии таълим, супоришҳои якранг, аз васоити техникии замони муосир ва адабиёти иловагии методӣ вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ истифода накардан, риоя намудани меъёри баҳогузорӣ ва амсоли инҳо ба шумор меравад. Тарзи пур кардани журналҳои синфӣ, тартиби кушодани саҳифаҳо барои фанҳои таълимӣ, сари вақт қайд  накардани мавзӯъҳои дарсӣ, сабти мавзӯъҳои дарсӣ бо ғалатҳои имлоӣ ба мушоҳида расид. Назорати самарабахши фаъолияти хонандагон дар самти мутолиаи китобҳои бадеӣ дар аксари таълимгоҳҳои дорои синфҳои камнуфус аз тарафи маъмурият ва омӯзгорон ба роҳ монда нашудааст. Умуман, шавқу  рағбати китобхонӣ дар байни хонандагон ба талаби рӯз ҷавобгӯ намебошад.
Дар рафти  санҷиш бо хонандагони синфҳои 2, 3, 4, 8, 9-и муассисаи таълимии камнуфус доир ба фанҳои равияҳои дақиқу гуманитарӣ саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки аксарияти хонандагон ба саволҳои пешниҳодшуда посухи муайян дода натавониста, дар исботи фикру ақидаи хеш мушкилӣ кашиданд. Аз ҷумла, теъдоди зиёди хонандагони ҳар як муассисаи таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№28, 34-и ноҳияи Б.Ғафуров, мактаби №38-и ноҳияи  Ҷ.Расулов) ба саволҳои шифоҳии пешниҳодшуда оид ба мавзӯъҳои гузашта ҷавобҳои хешро  бо далелҳо исбот карда натавонистанд. Фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимии №№18, 29, 37-и ноҳияи  Ҷ.Расулов, №7-и ноҳияи Спитамен ба роҳ монда нашудааст. Дар маҷмӯъ, санҷиш ва таҳлилҳо камбудиву норасоиҳои зиёдеро дар фаъолияти синфҳои камнуфус ошкор намуд, ки бартараф намудани онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулони шуъбаҳои маорифи навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ва маъмурияти муассисаҳои таълимии санҷидашуда ба шумор меравад.
Шодӣ Раҷабзод,
“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш