Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: зарурати равоншинос дар мактаб

Сана: 2020-12-17        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

Омили асосии суст рушд ёфтани соҳаи маорифро дар маҳалҳо коршиносон дар мувофиқи матлаб набудани сифати таҳсилот, муноқишаҳои гуногуни мактабии хонандагон, сар задани нофаҳмӣ байни омӯзгору хонанда ва волидони толибилмон, ба амалҳои гуногуни номатлуб даст задани наврасону ҷавонон, эҷодшавии мушкилиҳои пай дар пай дар рафти дарс, афзоиши хонандагони сустхон ва наздик набудани робитаи волидон бо муассисаҳои таълимӣ медонанд. 

Хусусан, дар вилояти Хатлон мушкилоти мазкур боиси нигаронии мутахассисони соҳа ва падару модарони хонандагон гаштааст. 
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант Ниёзалӣ Ашӯров гуфт, имрӯз вақти он расидааст, ки ба кушодани утоқҳои равоншиносӣ шурӯъ намоем. Зеро хурду бузург, омӯзгорон ва ҳам хонандагон ба равоншинос ниёз доранд. Инро дар раванди дарсҳо ҳамарӯза мушоҳида мекунем. Дар воқеъ, нақши равоншинос дар тарбияи дурусти насли наврас беандоза мебошад, аммо боиси таассуф аст, ки на ҳамаи омӯзгорон ба таври даркорӣ аз илми психология бархӯрдоранд ва тарзи дурусти муносибат бо наврасонро намедонанд. Маҳз ин сабаби он мегардад, ки кӯдакону наврасон дар сатҳи зарурӣ тарбия намебинанд ва дар ин росто, мушкилиҳои гуногун эҷод мешаванд. Барои ислоҳи чунин камбудию норасоиҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, барои омӯзгорон дарс ва ё худ семинарҳои чандрӯза ташкил ва ба онҳо қисман дарсҳои психологӣ ва тарзи дурусти муносибат бо хонандагон ва волидони онҳоро меомӯзонем. Вале ин басанда набуда, моро  қонеъ карда наметавонад. 
Мутахассиси соҳа Алиму-ҳаммади Сафармуҳаммад дар робита ба ин масъала афзуд, ки на дар ҳамаи муассисаҳои наву замонавии мавриди истифода қарор гирифта, утоқи равоншинос кушода шудааст. Хусусан, дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Хуросон, Кӯшониён, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Қубодиён ва дигар ноҳияҳо утоқи равоншиносро бо мақсадҳои дигар истифода мекунанд. Утоқи равоншинос ба синфхонаи таълими меҳнат, ҳунарҳои мардумӣ, утоқи омӯзгорон табдил дода шудаанд. 
Равоншинос Фараҳноз Шокирзода, изҳор дошт, ки  агар дар соҳаи илму маориф муваффақ шудан хоҳем, ҳатман бояд ба ҷалби равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро равоншинос бо мақсади таъмини рушди муътадили кӯдак (мувофиқи меъёри рушд дар синну соли мувофиқ) раванди таълимро бо дастгирии психологӣ ва педагогӣ таъмин менамояд. Равоншиноси мактаб усулҳои омӯзиши муносибатҳои волидайн ва фарзандон, хусусияти ҳамкории муаллим ва синфро истифода мебарад. Маълумоти бадастомада ба равоншинос имкон медиҳад, ки хонандагони бо ном «гурӯҳи хавф»-ро, ки ба дарсҳои ислоҳӣ ниёз доранд, муайян намояд. Дар ин баробар, барои муаллимон ва волидон оид ба ҳамкорӣ бо хонандагон тавсияҳо диҳад.
Ф. Шокирзода илова кард, ки тартиб додани барномаи мусоҳиба бо хонандагони синфи якуми оянда, гузаронидани мусоҳиба оид ба ҷанбаҳои психологии омодагии кӯдак ба мактаб (сатҳи ташаккули тасодуфӣ, мавҷудияти монеа барои омӯзиш, сатҳи рушди тафаккур) яке аз вазифаҳои психолог мебошад. 
Умедҷон Комилов, сокини ноҳияи Кӯшониён дар робита ба зарурати равоншинос дар мактаб афзуд, ки аксаран падару модарон худ аз таълиму тарбияи пурра ва дуруст бархӯрдор нестанд. Аз ин лиҳоз, тарзи муносибати дуруст бо кӯдакро намедонанд ва онро пурра ба мактаб ҳавола мекунанд. Масалан, ман худ ятим калон шудаам ва дар тарбияи наздиконам будам. Имкон нашуд, ки дар мактаб ва макотиби олӣ таҳсил кунам. Аз хурдӣ кор мекардам ва имрӯз низ ҳамин гуна аст. Завҷаам низ маълумоти олӣ надорад ва ҳатто он қадар хуб навиштану хонда наметонад. Барои мо таълими кӯдакон бисёр мушкил аст ва бисёр нофаҳмоиҳо дорад. Аслан, бояд гуфт, ки кӯдакро ба ҳоли худаш гузорӣ ва таъмини хӯрокаву либос намоӣ, калон мешавад. Вале бо норасоиҳо ва дур будан аз донишу маърифат. Мақсади мо тарбияи фарзандони солим, донишманд, бомаърифат ва номбардори волидону ватан мебошад. Ба ин хотир на танҳо кӯдаконамон, балки мо волидон барои фаҳмидани тарзи дурусти муносибат кӯдак ба равоншинос ниёз дорем.
Дилафрӯз Абдуллоева, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки 9 нафар наберааш дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил доранд, афзуд, ки бе равоншинос низ мо кӯдаконро таълим дода ба воя расонидем ва имрӯз бо наберагон идома дода истодаем. Аммо бо омӯхтани таҷрибаи рӯзгор фаҳмидем, ки дар бисёр маврид зимни тарбияи фарзандон иштибоҳ низ мекардем, бо муассисаи таълимӣ ҳамкории зич надоштем ва ба ин масъала аҳамият ҳам намедодем, дар бисёр ҳолатҳо ба фарзандон фишор меовардем. Ин боиси рӯҳафтодагӣ, инкишофи сусти ақливу зеҳнӣ, сустиродагӣ ва бо тарсу камҷуръат шудани фарзандон оварда мерасонидааст. Агар дар давраи тарбияи фарзандон ба мо кумаки равоншиноси мактаб мерасид, боварӣ дорам, ки муваффақтар мешудем ва ба мушкилиҳо бархурд намекардем. 

С.АЗИЗӢ, 
“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш