Нашрияи Омӯзгор

Дарс ва такомули фикрии хонанда

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Ба роҳ мондани усули муносибат ба таълими салоҳиятнок маҳз ба такомулу ташаккули ҷанбаи амалии машғулиятҳо ва сайқали зеҳнии хонандагон нигаронида шудааст. Вобаста ба мавзӯи дарсие, ки омӯзонда мешавад, шогирдон бояд атрофи мафҳуму исмҳо (дар дарси забони модарӣ, дар синфҳои ибтидоӣ) ва ба таҳлил гирифтани ҷузъиёти инкишофи воқеаҳо, ки дар матн инъикос гардидааст, бо баҳсу радду бадали андешаҳои хоси худ нуқтаи назари фардияшонро иброз дошта тавонанд.
Аммо ин гуфта маънои онро надорад, ки омӯзгор машғулиятро пурра ба ихтиёри шогирдон гузошта, худ ҳамчун назоратчӣ ё мушоҳидагар ба баҳсу муҳокимаронии онҳо гӯш фаро бидиҳад. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз омӯзгорон ҳангоми баёни мавзӯи нав аз қироату тавзеҳи ҳикоя (шеър, афсона…) дурӣ ҷуста, новобаста аз моҳияту ғоя ва мақсади матни пешниҳодшуда онро ба дӯши хонандагон ҳавола мекунанд, ки дуруст нест. Умуман, дарс муносибати яктарафаро тақозо намекунад, он раванд ва унсурест, ки хусусияти таълимӣ дорад. Дар синфҳои поёнӣ дар дарсҳои забони модарӣ ба ғайр аз мавзӯи нав боз саволу супоришҳое пешниҳод мегарданд, ки саҳлу осон набуда, аз омӯзгор талаб карда мешавад, ки моҳияти ин супоришҳоро шарҳ диҳад. Як омили рушду такомулу зеҳнии хонандагон, бештару амиқтар донистану аз худ кардани луғат ба шумор меравад. Луғатдонӣ ва дарки маънои вожаҳо (таъбиру зарбулмасалҳо…) қобилияти сарфаҳм рафтан ба моҳияту мазмуни ину матни пешниҳодшударо ба хонанда осон намуда, ба нақли он ва огаҳ ёфтан аз мақсаду ғояи пешгузошташуда мусоидат мекунад. Маълум аст, ки дарс ба ҷуз аз аҳамияти таълимӣ доштан боз ҷанбаи тарбиявиро доро мебошад. Хонандагон баъд аз тавзеҳу тафсири матн аз ҷониби омӯзгор бояд зуд моҳият ва ҳадафи тарбиявию ахлоқии матнро дарк намуда, он ҳамаро як-як таҳлил кунанд. Чунин ҳам воқеъ мешавад, ки ҳангоми баёни андеша хонандагон ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Муаллим набояд ба таври ҳатмӣ сухани шогирдро «бурида», ӯро аз изҳори фикраш боздорад, балки бо хотиррасон кардани лаҳзаҳои дарс ӯро маҷбур созад, ки худ посухи дурусту саҳеҳ ёфта, хатояшро ислоҳ кунад. Шеваи дигари муассири ба дарс ҷалб намудани шогирдон ин истифода аз васоити техникии ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Тавассути тахтаи электронӣ манзараҳои табиӣ, меҳнати коргарон дар заводу фабрика, иншооти сохтмонӣ, фаъолияти кишоварзон дар замин, бунёди мактабҳои нав ва ғайра мавриди тамошои хонандагон қарор дода мешавад. Пас аз тамошои наворҳо шогирдон фикрашонро дар бораи чизҳои дидаашон нақл мекунанд. Шавқовару самарабахш гузаштани дарс аз маҳорату лаёқати омӯзгор вобастагӣ дорад. Ӯ метавонад мавзӯи навро бо мавзӯъҳои гузашта алоқаманд намуда, ҳангоми таҳлили ҷумлаҳо аз ҷиҳати грамматикӣ ин корро ҳамроҳи шогирдон анҷом бидиҳад. Истифода аз усулҳои фаъоли таълим машғулиятро пурбору рангин месозад. Вале дар ин бобат низ яктарафа муносибат кардан ба манфиати кор набуда, омӯзгорро аз мақсади асосӣ канор мебарад. Ҳол он ки муҳимтарин талаби усули муносибат ба таълими салоҳиятнок такомули фикрии хонда ва ташаккулу таҳаввули ҷаҳонбинии ӯ маҳсуб меёбад.

Хайриниссо Оқулбекова,
омӯзгори мактаби №100,
ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш