Хоҳари Бобоҷон Ғафуров, рӯзноманигори хушсалиқа Тоҷинисо Ғафурова, дар хотираҳои худ навиштааст: “Падарамон дар зиндагӣ душвориҳои гаронро аз сар гузаронидааст. Вай бар ивази кори худ музди ночизе мегирифт, ки оилаи моро таъмин карда наметавонист.
Мо дар оила шаш нафар фарзанд будем. Аз ин хотир, вазифаи ғамхорӣ ва сардории оилаи калон бар дӯши фарзанди нахустин Бобоҷон гузошта шуда буд. Ҳангоми таваллуди ман вай 10–сола бошад ҳам, аллакай дар дари бойҳои маҳаллӣ хидмат мекард. Ҳамин, ки ман худро шинохтам, дар қатори падару модар ӯро чун сардори оила, шахси боэътибор, маслиҳатгари хурду калон мешинохтам…”. Бобоҷон Ғафуров он рӯйдодҳои рангини рӯзгор ва воқеаҳои пурҷӯшу хурӯши диёри азизашро дар повести тарҷумаҳолии худ “Маҳмуд” ба қалам додааст, ки мутолиаи он маҳз ба насли наврас ва ҷавонони имрӯз судбахш ва манфиатовар мебошад. Бобоҷон Ғафуров дар он асар навиштааст, ки ӯ то соли 1917 ҳамроҳи волидони худ зиндагӣ мекард ва бо сабаби номусоид будани вазъи моддии оилаи онҳо аз ҳаштсолагӣ маҷбур шудааст, ки дар даргоҳи бойҳо ва саватмандони деҳаи Исписор муздурӣ карда, баҳри беҳбуди рӯзгор заҳмат кашад. Бобоҷон Ғафуров аз волидони хеш, хусусан, аз падару модар сидқан сипосгузор ва қаноатманд будани худро изҳор намуда, овардааст, ки дар рушду камол ва такомули донишу биниш ва маърифату маънавиёти хеш, қабл аз ҳама, аз модари меҳрубон ва ғамгусораш беҳад сипосгузор аст. Модараш духтари Усто Боймат - Розияи Озод дорои истеъдоди фитрии шоирӣ, шахси заҳматкаш ва равшанзамире будааст. Вай азобу шиканҷаи ҳаёт, азияту маҳрумияти зиндагиро аз сар гузаронида, фарзандони худро ба воя расонида, онҳоро тарбияи солим намуд ва дар сирату замири онҳо ахлоқи инсони заҳматкашу меҳнатқаринро парвариш кард. Яке аз нахустин омӯзгорони Бобоҷон Ғафуров муаллими куҳансол, фарзанди халқи чуваш Матвеев буд. Ин муаллими эҷодкор шогирдони худро бо осори бою ғании адабиёти бадеии рус ошно намуда, дар бораи муборизони халқи рус қиссаҳои аҷиб ва ҳикояҳои мароқовар нақл мекард, ба онҳо нозукиҳои забони русиро меомӯзонд. Бесабаб нест, ки Бобоҷон Ғафуров дар бораи устоди аввалини хеш бо фахр чунин ёдовар шудааст: “Матвеев дар мактаби назди истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд дарс мегуфт. Садҳо нафар шахсоне, ки дар оянда бештари онҳо ходимони намоёни илму маданият ва арбобони давлатӣ гардиданд, аз ӯ таълим гирифтаанд”. Бобоҷон Ғафуров аҳамияти омӯзиши забони русиро дарк мекард ва хурдсолону мактаббачагон, аз ҷумла, хоҳарони худро ба омӯзиши забони русӣ тарғибу талқин мекард. Хоҳари ӯ Тоҷинисо Ғафурова дар хотираҳояш нақл кардааст, ки : “Ӯ ҳанӯз дар синни ҷавонӣ то кадом дараҷа муҳим будани забони русиро фаҳмида, ману хоҳарамро ба мактабе дода буд, ки дар он ҷо танҳо бачагони рус–фарзандони хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳан таҳсил мекарданд. Мо ягон калима забони русиро намедонистем, вале бародарам ба мо забони русиро омӯхт ва тамоми умр аҳамияту бузургии онро қадр мекард…” Азбаски Бобоҷон Ғафуров ҳангоми наврасӣ ва ҷавонӣ дар рӯҳияи хислатҳои наҷиби инсонӣ, қабл аз ҳама, заҳматкашӣ, бурдборӣ, таҳаммулпазирӣ, ифтихор аз гузаштагони халқи тоҷик тарбия ёфта буд, ҳангоми ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб шудан дар интихоб ва парвариши ҷавонони истеъдоднок, интихоби кадрҳои баландихтисоси ҷумҳуриамон эътибори бузург медод. Ходими намоёни давлатии даврони шӯравӣ Раҳматулло Аҳмадов дар хотираҳояш хислатҳои наҷибу инсондӯстона ва муносибати ҷиддии ӯро нисбат ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос бо мамнуният сухан гуфтааст. Бино бар маълумоти ӯ, Бобоҷон Ғафуров боисрор таъкид мекард, ки имрӯз ба масъалаи аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд хоста гирифтани кадрҳои илмиву эъҷодӣ ҷиддан машғул шудан лозим аст. Қаҳрамони Тоҷикистон Б.Ғафуров, воқеан ҳам, шахси наҷиб ва ватанпараст буд. Гуландом МАХСАТОВА, омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр