Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба методҳои тарбия

Сана: 2020-12-12        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

Корбасти методҳои тарбия дар фаъолияти ҳар як омӯзгор аҳамияти махсус дорад. Мутахассисони соҳаи педагогика методҳои тарбияро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, тавсиф бахшидаанд.
Маълум, ки  ташаккули ҳамаи хислату ҷиҳатҳои шахс низ мисли андӯхтани таҷрибаи муомила ва муносибатҳои гуногун дар фаъолият ба амал меояд, чунки фаъолияти муташаккилона ва аз ҷиҳати педагогӣ мақсаднок ҳам барои зоҳир шудани ҷиҳатҳои ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷамъиятӣ, эстетикии шахс ва ҳам барои ташаккули хислатҳои неки хислат ва фардияти одам шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Амалиёти меҳнатӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ғайраҳо асоси рафтору кирдор мебошанд, ки ба одати хуб табдил меёбанд. Дар фаъолият тарзу усулҳои зарурӣ, омилҳои пурқимат ба амал меоянд ва устувор мегарданд.
Ҳамон гурӯҳи методҳоро асосӣ ҳисобидан мумкин аст, ки  усулҳои он барои ташаккули таҷрибаи мусбат, рафтору кирдори тарбиягирандагон дар фаъолият ва муносибат равона  гардидаанд. Он аз мураккабтарин гурӯҳи методҳои тарбия буда, аз мураббӣ талаб мекунад, ки дар ҳалли мақсад ва вазифаҳои ба пеш гузошташуда вобаста ба шароити конкретӣ баробари ҷустуҷӯи беҳтарин роҳҳои таъсиррасонӣ ба тарбиягирандагон маҳорати баланди ташкилотчигиву муносибати эҷодкорона ба кор барад.
Ба ин гурӯҳ бисёр методҳо ва боз бештар усулҳои тарбиявӣ дохил мешаванд, аммо вазифаи онҳо як хел нест.
Яке аз онҳо - афкори ҷамъиятӣ тарбиягирандагонро ба амалиёту кирдорҳои нек равона мекунад.
Дигаре (ёд додан ва машқҳо) ба ташаккули роҳҳои муайяни рафтор ёрӣ расонда, зарурати таъсиррасон ташкил мекунад, ба ҳосил шудани одат ёрӣ мерасонад.
Сеюм, мусобиқаву супоришҳои ҷамъиятӣ воситаҳои тарбиявии махсус мебошанд, ки барои ташаккули одобу ахлоқи солим, муносибат ва фаъолияти тарбиягирандагон хизмат мекунанд.
Гурӯҳи дуюми муҳимми методҳо аз заруяти таъсиррасонӣ ба шуури тарбиягирандагон ба миён меояд.  Шиносоӣ бо меъёрҳо, тасаввуроти равшану возеҳ доштан ва баҳо дода тавонистан ба онҳо тақозо мекунад, ки оқибат онҳо бояд ба эътиқод мубаддал гарданд, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи ҳаётии шахсро нишон диҳанд. Таъйиноти дигари ин гурӯҳи методҳо ҷамъбасти меъёрҳои  ҷамъиятии ҳаёт, ахлоқ, меҳнат, дониш, дар баробари ин, таҷрибаи ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷамъиятии шахс ва ғайра мебошад. Рафтору кирдор ва амалиёту одате, ки тасодуфан ва ё бо таъсири шахсе ба вуҷуд меоянд, фарқе надоранд. Агар онҳо аз рӯи донишу фаросат содир шуда бошанд ҳам, беқадру қиматанд. Чунки онҳо бе ҳеҷ гуна зарурати ҷамъиятӣ ва ё шахсие содир шудаанд. Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки қимати гурӯҳи дуюми методҳои тарбия маҳз дар алоқамандии онҳо бо тараққиёти ҷамъият мебошад. Яъне ин гурӯҳи методҳо ҳар як амалиёт ва рафтори шахси тарбиягирандаро бо дигаргуниҳои марому максадҳои ҷамъият мутобиқ месозад.
Методҳои тарбиявии ин гурӯҳ суҳбату нақл ва мубоҳисаву маърӯзаҳои  сиёсӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ мебошанд.
Гурӯҳи  методҳои мазкур дар таъсиррасонии ҳамдигарӣ ва инчунин вобаста ба ягонагии ташкилотчигиву амиқии дониши мураббӣ барои дар амал татбиқ шудани асоситарин функсияи раванди тарбия -  таъмини ягонагии шуур ва рафтори тарбиягирандагон нақши муҳим мебозад.
Ба гурӯҳи сеюм методҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазодиҳӣ дохил мешаванд. Ин методҳо дар ҷараёни тарбия назар ба ду гурӯҳи мазкур мавқеи дигарро ишғол мекунанд, чунки таъсири амалии онҳо хеле бузург мешавад. Ҳар яке аз инҳо дар ҷараёни тарбия ба таври ба худ хос ба ташаккули шахсияти одами наврас таъсири муайян мерасонанд. Масалан, бо методи ҳавасмандкунӣ тарафҳои мусбати амалиёт ва рафтору кирдори тарбиягиранда тақдир шуда, ба воситаи ҷазодиҳӣ ҷиҳатҳои манфии хулқу атвори ӯ боздошта ва маҳдуд карда мешавад. Аз ҳавасмандгардонӣ вуҷуди касро ҳиссиёти фараҳу шодӣ фаро мегирад. Ин ҳолат дар кас нисбат ба худ қаноатмандие ба вуҷуд оварда, майлу рағбатро ба сӯи некӣ бештар равона месозад. 

Муяссара Абдуллоева,
омӯзгори забони давлатӣ 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш