Дар замони соҳибистиқлолӣ илму маорифи кишвар ба таври чашмгир рушд ёфт ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсил шароити созгор фароҳам оварда шуд. Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам дар назди аҳли маориф вазифаҳои зиёде баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат (18.03.2020) таъкид карданд: «Роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим, стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд». Дар анҷоми сол вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар соли 2020 бо сардорони раёсатҳои вазорат суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
Таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Қутбиддин Муҳиддинзода: – Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиягирандагон ба 97164 кӯдак расидааст, ки дар муқоиса бо соли таҳсили 2019 - 2020 16 муассиса зиёд мебошад. Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар самти таъсиси маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян амалӣ шуд. Танҳо дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ 12 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 2390 нафар кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳринав ва ноҳияи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шуд. Таҳсилоти умумӣ ба ташаккули шахс асос гузошта, ҷиҳати рушди ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Соли таҳсили 2020-2021 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3911 ададро ташкил дода, аз онҳо 312 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 430 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3169 муассисаи миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 150 адад буда, аз ҷумла, 75 гимназия ва 75 литсей ба қайд гирифта шудааст. Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 130465 (77407 зан) нафарро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 108 942 нафар (1016431 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар ин давра сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тибқи пешниҳоди раёсату шуъбаҳои маориф ҷамъбаст гардид. Маълум шуд, ки сифати таҳсилот ба 50,6% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 97,5% баробар аст. Санҷишҳои гурӯҳҳои кории вазорат нишон дод, ки ин нишондиҳанда 98 ва 39,5% буда, сифатнокӣ нисбат ба соли 2019 1% зиёд аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад набуда, бинобар сабаби ҷудо нагардидани маблағ иҷро нашудааст. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд 216 озмоишгоҳи таълимии муосир аз фанҳои физика, химия ва биология (72 лаборатория аз ҳар як фан) бо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ харидорӣ карда шуда, моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Лабораторияҳои мазкур дар 10 муассисаи таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 муассисаи таълимии вилояти Хатлон, 17 муассисаи таълимии вилояти Суғд, 5 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва ба 13 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил гардид. Ин имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои такягоҳии таълимии фанҳои мазкур таъсис дода шавад. Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.07.2020, №427) тасдиқ шуд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур нақшаи чорабиниҳои вазорат иборат аз 60 банд таҳия ва тасдиқ ва ба тамоми раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои мазкур барои ҷалби бештари насли наврас ва ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури техникии онҳо ва таъмини сифати нави рушди таълими фанҳои номбурда нақши муҳим мебозад. Шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 10 олимпиадаи фанҳои дақиқ роҳандозӣ гардид. Соли 2020 хонандагони кишвар дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 186 ҷойи ифтихорӣ 63 медали тилло, 54 медали нуқра ва 69 медали биринҷӣ гардиданд. Таҳсилоти касбӣ Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳокимхон Вализода: – Ҷиҳати ба низоми муайян даромадани ҳамаи паҳлуҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қабули онҳо тариқи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ идома дошта, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вазорат ва дигар кумитаю идораҳо як қатор ҳуҷҷатҳо бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои вазири маориф ва илм тасдиқ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудаанд. Ба талаботи замони муосир ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани стандартҳои тахассусӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи минтақавӣ (GIZ) – “Маълумоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ” гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳо ташкил карда шуда, сохтори стандарти тахассусӣ ва методологияи онро коркард намуда истодаанд. Тазаккур бояд дод, ки тибқи нақшаи лоиҳа дар давоми се сол сохтори стандарти тахассусӣ ва методологияи он аз рӯи ду ихтисоси стандарти тахассусӣ коркард карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин давра мутахассисони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати таҳияи стандарти тахассусӣ омода шуда, ихтисосҳои боқимондаро таҳия менамоянд. Дар назар аст, ки то соли 2025 дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷуда мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ стандартҳои тахассусӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ таҳия мегарданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм бештар аз 14 стандарти тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (дар маҷмӯъ, 126 стандарт) ва 16 стандарти тахассусии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва дар мушовараҳои Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд. 10 стандарти тахассусии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 11 стандарти тахассусии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг таҳия гардида, барои тасдиқ ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Соли ҷорӣ 3 муассисаи таълимии миёнаи касбӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки коллеҷҳои тиббии ғайридавлатии “Даво”-и шаҳри Бохтар ва коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Восеъ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд. Дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла, 56 литсейи касбии техникӣ ва 7 литсейи касбии саноати кишоварзӣ фаъолият намуда, мутахассисони касбҳои коргариро аз рӯйи 14 самт ва 97 ихтисос тайёр мекунанд. Алҳол, дар миқёси ҷумҳурӣ 78 (57 давлатӣ) муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) ба таълиму тарбия ва омоданамоии кадрҳои зинаи миёнаи касбӣ машғуланд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ “Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, “Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ”, “Барномаи рушди раҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва дигар нақшаю чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ки иҷрои он зери назорати доимии раёсат қарор дорад. Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Фахриддин Ҳайдаров: – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад. Дар ин радиф, бо мақсади пешрафти зинаи таҳсилоти олии касбӣ, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, ифтитоҳи ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ дар соли 2020 як қатор тадбирҳоро ба анҷом расонид. Рисолаи хатм натиҷаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ ва таълимию методии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад иҷрои рисолаи хатми донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда нишон дод, ки дар самти иҷрои марҳалаҳои асосии таҳияи рисолаи хатм ва омодагии донишҷӯён барои ҳимоя ҳанӯз омода нестанд. Масалан, байни ҳар як марҳалаи тадқиқотӣ робитаи зич мавҷуд аст ва фатҳи марҳалаҳо аз донишҷӯ ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои хатм, роҳбарони он, рафти иҷрои корҳо ва тайёрӣ ба аттестатсияи хатм дар ҷаласаҳои кафедра, факулта ва раёсати донишгоҳ баррасӣ гардидаасту халос. Ҳангоми суҳбат бо донишҷӯёни хатмкунанда маълум гардид, ки бархе аз донишҷӯён ҳатто номи мавзӯи рисолаи хатмро намедонанд. Ҳол он ки мутобиқи талаботи “Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯён” хатмкунанда то 10-уми март намунаи аввали рисолаи хатмро омода ва ба роҳбари илмӣ пешниҳод намояд. Дар моҳи апрел бошад, ба гирифтани тақризи беруна ба кафедра бояд кори илмӣ пешниҳод гардад. Мутаассифона, маълумот оид ба рафти иҷрои марҳалаҳои рисолаҳои хатм дар кафедраҳо то ҳол мавҷуд нест. Ҳангоми интихобан гузаронидани мониторинг бо омӯзгорони кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ оид ба истифодаи барномаи идоракунии раванди таълими фосилавӣ маълум гардид, ки як қатор омӯзгорон дар ин барнома дуруст кор карда наметавонанд ё бо иллати надонистани рамзи воридшавӣ ба барномаи таҳсилоти фосилавӣ корро дар ин самт дуруст ба роҳ намондаанд. Соли 2020 татбиқи 43 лоиҳаи грантӣ (29 лоиҳа барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва 14 лоиҳа ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон) аз тарафи 26 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ идома ёфтанд. То имрӯз татбиқи ҳашт лоиҳаи грантӣ дар доираи равзанаи дуюм ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон пурра ба анҷом расид. Ҳамзамон, корҳо новобаста ба вазъи мавҷудаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон оид ба таъсири пандемияи COVID -19 асосан дар самтҳои таҳия ва коркарди стандарту барномаҳои таълимӣ, такмили системаи дохилии мониторинги сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва омодагӣ барои аккредитатсияи байналмилалӣ мавриди амал қарор доранд. Вобаста ба ин, дар як қисми лоиҳаи грантии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо сабаби паҳншавӣ ва таъсири пандемияи COVID-19 иҷрои баъзе чорабиниҳои нақшавӣ ба таъхир монданд, ки зарурати тамдиди муҳлати татбиқи онҳо ба миён омад. Вобаста аз ин, тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳлати татбиқи лоиҳаҳои грантӣ аз 2 то 6 моҳ бо розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда шуданд. Вобаста ба таъсиси шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сохтори Вазорати маориф ва илм низомнома таҳия ва тасдиқ карда шуд. Шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар давраи дуюм бояд 35 000 нафарро аз пурсиш гузаронад. Инчунин, барои дастрас намудани маълумот оид ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соли таҳсили 2018-2019 мактуби расмӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ирсол карда шуд. Илм ва инноватсия Сардори раёсати илм ва инноватсия Носир Сайдализода: – Соли равон татбиқи амалии қонуну қарор, консепсия ва барномаҳои давлатии дар самти илм қабулгардида таҳти назорати доимии масъулин қарор дода шуда, ҷиҳати татбиқи амалии талаботи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд. Ҳамчунин, якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, «Дар бораи таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.09.2020, №1610), «Дар бораи Низомномаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020, №620) ва «Низомномаи мукофоти махсуси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020, №621) тасдиқ гардид. Бо ташаббуси вазорат доир ба масъалаи тақвият бахшидан дар тайёр кардани кадрҳои дорои унвон ва дараҷаи илмӣ 10 феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷаласаи якҷояи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва масъулини Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шӯроҳои диссертатсионӣ ва ноибони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини фаъолияти самараноки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими кори шӯроҳои диссертатсионӣ, беҳтар ба роҳ мондани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тақвият бахшидан ба омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мавриди таҳлилу баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар соли таҳсили 2020-2021 дар ҷумҳурӣ 19 шӯрои диссертатсионӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад, ки 13-тои он дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур 101 нафар рисоли илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 14 рисолаи докторӣ ва 87 рисолаи номзадӣ мебошад. Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон, дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 56 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз тарафи Комиссияи мазкур ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 180 ихтисос диссертатсияҳои номзадӣ ва докториро ба ҳимоя омода намудаанд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз зиёда аз 710 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, ки ин метавонад барои пурра таъмин кардани кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мусоидат намояд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 4421 нафар номзад ва докторони илм фаъолият менамояд, ки аз онҳо 839 нафар доктори илм (аз ин миқдор 122 нафар зан,14,5%) ва 3582 нафар номзади илм (аз ин миқдор 1089 нафар зан, 30,4%) мебошад. Дар ҷумҳурӣ дар соли хониши 2020-2021 ба зинаи магистратураи муассисаҳои таълимию илмии кишвар аз 6613 ҷойи ба нақшагирифташуда 4487 нафар (67,9%) қабул карда шудаанд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зиёдшавии қабул ва талабот нисбат ба ин зинаи таҳсилот афзудааст. Масалан, дар соли таҳсили 2018-2019 агар 3029 нафар қабул гардида бошанд, пас, соли таҳсили 2019-2020 ба 3708 нафар мерасад. Дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бошад, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар аз 1423 ҷойи банақшагирифташуда 610 нафар (42,9 %-и нақша) қабул гардиданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2018-2019 402 нафар ва дар соли таҳсили 2019-2020 525 нафар зиёд мебошад. Аз ҳисоби қабул ба зинаҳои мазкур дар бахши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ 40% фаро гирифта шудаанд. Таъмини кадрҳо Сардори раёсати кадрҳо Файзиддин Расулзода: – Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, натиҷаи иҷрои аризаҳои даъвогӣ ва баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки дар соли 2020 тибқи роҳхат ба кор фиристода шудаанд, моҳи ноябри соли 2020 дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул гардид. Инчунин, масъалаи мазкур пайваста дар маҷлисҳои назоратии назди вазири маориф ва илм муҳокима гардида, он мавриди таваҷҷуҳи хоси вазорату раёсат қарор дорад. Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои зикршуда сафарбар менамояд. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2020-2021 барои 2994 нафар пешниҳод гардида буд. Эҳтиёҷоти пешниҳодшуда барои соли таҳсили 2020-2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 83 нафар, вилояти Хатлон 942 нафар, вилояти Суғд 882 нафар, шаҳри Душанбе 195 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 892 нафарро ташкил медиҳад. Тақсимоти мутахассисони ҷавон тибқи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст ва фармоиши дар боло зикршудаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ мутахассис тайёр менамоянд, вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ гузаронида шуд, ки ба муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 361 нафар, вилояти Хатлон 1702 нафар, вилояти Суғд 1023 нафар, шаҳри Душанбе 274 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 891 нафар барои фаъолият фиристода шуд, ки дар маҷмӯъ, 4251 нафарро ташкил медиҳад. Равобити байналмилалӣ Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Илҳом Камолзода: – Дар соли 2020 марҳилаҳои қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, Беларус, Озарбойҷон, Украина, Австрия, Қазоқистон, Венгрия, Корея, Хитой ва Руминия мавриди корбарӣ қарор дода шуда, он уҳдадориҳое, ки бар зиммаи раёсат вогузор карда шуда буданд, саривақт иҷро гардиданд. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Венгрия дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва тиҷорат, захираҳои инсонӣ ва инноватсия ва технологияи Венгрия аз 26 сентябри соли 2019, ҷониби Венгрия барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва аспирантура дар соли таҳсилии 2020-2021 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст. Дар соли таҳсили 2020 - 2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷониби Федератсияи Россия – 620 бурсия, Ҷумҳурии Озарбойҷон – 6 бурсия, Ҷумҳурии Венгрия – 20 бурсия, Руминия- 1 бурсия, Ҷумҳурии Беларус – 8 бурсия, Қазоқистон -50, Украина - 20 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намуданд. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Туркия ва Австрия аз тариқи онлайн бурсияҳои худро пешниҳод намуданд. Бурсияҳои мазкур дар сомонаи вазорат ва Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат эълон гардид. Озмуни бурсияҳои таҳсилӣ ба Федератсияи Россия аз 21-уми феврал то 14-уми марти соли 2020 идома кард. Дар он, дар маҷмӯъ, зиёда аз 4500 нафар довталаб ба қайд гирифта шуда, дар озмун иштирок намуданд. Озмуни мазкур бо фарогирии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, дар шаҳри Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд. Ҳамин тариқ, аз тамоми ҷумҳурӣ 4563 нафар довталаб барои иштирок дар озмуни бурсияҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ҷудо гардидаанд, ширкат варзиданд. Бо мақсади вусъати ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии касбии Федератсия Россия дар давраи вазъи номусоиди эпидемиологии ҷаҳон, тавсияи ҳамкориҳо ҷиҳати қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ тариқи электронӣ амалӣ карда мешавад. Айни ҳол, дар зиёда аз 40 донишгоҳ ва донишкадаи Федератсияи Россия бақайдгирии торномавӣ оғоз карда шуда, имтиҳонҳо тариқи онлайн баргузор гардиданд. Ҷиҳати рушд ва роҳандозии ҳамкориҳо бо кишварҳои Италия, Шоҳигарии Испания ва Фаронса лоиҳаҳои барномаву созишномаҳои ҳамкорӣ тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад. Дар ин давра теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 7727 нафарро ташкил медиҳад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии бемории сироятии каронавирус – COVID-19, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ба донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, саривақт чораҳои зарурӣ андешид. Сохтмони мактабҳо Сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода: – Соли 2020 аз ҳисоби раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм сохтмони муассисаи таълимии №45 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Шар-Шар ва сохтмони муассисаи таълимии №39 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Дилнишини ноҳияи Данғара ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Шаҳритус ба анҷом расида, иншооти мазкур бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Илова ба ин, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Қумшоқ, Боймомо, Рӯдакӣ, Қарабоев, Пахтаобод ва Айваҷи ноҳияи Шаҳритуз дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, инчунин, бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён барои ба истифода супоридан омода карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки танҳо аз оғози соли нави таҳсил то моҳи октябр дар доираи сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 бинои муассисаи томактабӣ барои 1870 кӯдак ва 19 муассисаи таълимӣ барои 18 ҳазору 324 ҷойи нишаст дар ду баст, 3 бинои шуъбаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, барои сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 1440 ҷойи нишаст дар ду баст санги асос гузошта шуд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 154 муасисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таълимӣ барои 29652 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр