Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Сана: 2020-12-25        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

15-уми декабри соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсис додани филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва аз ҳисоби ҷавонони вазорат интихоб намудани раис ва муовинони ӯ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа Ҳ. Вализода - сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм, У. Раҳимзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, М.Бадалова – раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки дар давраи муосир барои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба иштироки фаъоли ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, таъсис додани ҷамъияти бонуфуз ва муташаккил муҳим аст.
Дар рафти ҷаласа Манучеҳр Сулаймонзода-сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорат, Нодира Ҳасанзода-мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Далер Ҳайдаров-мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ба ҳайси муовинони раис интихоб гардиданд. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш