14-уми декабри соли ҷорӣ Беҳрӯз Табаров-пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомоли лаби Амур дар озмуни умумироссиягии “Умник-2020” ширкат варзида, ғолибият ва ҷоизаи озмунро ба маблағи 500 000 рубли русӣ ба даст овард. Лоиҳаи Беҳрӯз Табаров “Таҳияи модули реактор-тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ” ном дошта, он миёни даҳҳо ҳазор лоиҳаи илмию инноватсионӣ аз тамоми Россия яке аз беҳтаринҳо ва сазовори ҷоизаи озмуни мазкур, дониста шуд. Ҳамчунин, бо ба даст овардани ҷоизаи мазкур Б. Табаров дар қатори 252 нафар ғолиби ин озмун имкон ба даст овард, ки лоиҳаи илмияшро дар амал татбиқ намояд. Барнома-озмуни давлатии “Умник” ҳамасола бо ҷалби олимон аз тамоми Россия баргузор мегардад ва ҳадаф аз ин иқдом кумак расонидан барои рушди тиҷорати хурди инноватсионии олимон ва ихтироъкорон, махсусан, ҷавонон мебошад. Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз Табаров иштирокчии даҳҳо конфронсу форумҳои илмӣ-пажӯҳишӣ буда, соли 2019 риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомоли лаби Амури Федератсияи Россияро хатм ва рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ҳамчунин, соли равон аз ҷониби собиқ шаҳрдори минтақаи Хабаровск дар қатори олимони ҷавон ҳамчун олими минтақа шинохта шуда, қадрдонӣ гардидааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр