Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули шахсияти хонандагон

Сана: 2021-01-07        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

Ташаккули шахсият раванди хеле му- раккаб аст ва бузургтарин ақлҳои башарӣ ва хирадмандони давру замонҳои гуногун ин масъаларо таҳти омӯзиш қарор дода, андешҳои ҷолибу судманде пешниҳод намудаанд. Ҳамагӣ бар он ақидаанд, ки яке аз муҳимтарини самти инкишофи ҷамъият ба вуҷуд овардани шахсияти дорои тафаккури эҷодии рушдёфта, зеҳни мустақил, маҳорати дар муҳлати кӯтоҳ аз худ намудани ҳаҷми имконпазири иттилоот ба шумор меравад. Дар ин ҳолат раванди таълим аз ҳар як шах- сият дараҷаи кофии фарҳанги фикриро талаб мекунад. Яке аз вазифаҳои муҳими илми пе- дагогикаи муосир таъмини на танҳо аз худ кардани дониш, маҳорат ва навовариҳо, бал- ки ба вуҷуд овардани усулҳои фаъолияти маъ- рифатию эҷодӣ ҳамчун зуҳуроти фарҳанги зеҳнӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги зеҳнӣ чиро тақозо менамояд? Дар зери мафҳуми зеҳн (ин- теллект) қудрати шахсият барои амалӣ гардо- нидани маърифат ва ба таври осон бартараф кардани мушкилот, аз ҷумла, зимни интихоби вазифаҳои нави ҳаётӣ фаҳмида мешавад. Ба андешаи академик Н.Н. Моисеев, зеҳн (ин- теллект) ин, пеш аз ҳама, истифода бурдан, ба нақша гирифтани захираҳо ва ташкили дур- намои расидан ба мақсадҳо мебошад. Зеҳният тавассути чунин қудратҳо амалӣ мешавад: маърифат кардан, омӯхтан, мантиқан фикр кардан, таҳлил намудан ва тасниф кардани он, дарёфти алоқаҳо бо он, қонунмандӣ ва фарқият аз он ва ғ. Сифатҳои нисбатан афза- лиятноки зеҳнияти шахс кунҷковӣ, яъне, нис- бат ба чизе мароқ зоҳир намудан, масъаларо ба таври амиқ фикр карда, мантиқан ба ҳалли он наздик шуда, собит намудан маҳсуб меё- банд, ки махсусан, дар хонандагони хурдсол ривоҷ додани ин сифат хеле муҳим аст ва аз омӯзгор вобастагии калон дорад. Дар синфҳои ибтидоӣ ташкил намуда- ни дарсҳои муназзами зеҳнӣ, ки дар онҳо бачагони бо омодагии мухталифи зеҳнӣ, суст ва пурқувват метавонанд супоришҳои ғайритипӣ, ҷустуҷӯӣ, эҷодии берун аз маво- ди таълимиро ҳаллу фасл кунанд, зарур аст. Ҳалли чунин вазифаҳо асосан на ба дарсҳои мактабӣ, балки фаъолнокӣ ва таассуроти ба- чагон вобаста мебошад. Дар синфҳои ибтидоӣ барои ташаккули ақл, аз ҷумла, тафаккур, марҳилаи ҳассос ба ҳисоб меравад. Ин барои ташаккули ҳамаи қобилиятҳои маърифатӣ мусоидат намуда, дар тамоми раванди таълим истифода мегар- дад. Дар зимни ташаккул додани ақл мо ба бачагон имкон фароҳам меоварем, ки муҳити атрофро маърифат намоянд. Соҳаи маориф талаб менамояд, ки барои инкишоф додани завқи хонанда аз усулҳои мухталифи таълим, маълумоти иловагӣ истифода бурда шавад. Муҳаққиқ С.Л. Рубинштейн кайд менамо- яд, ки агар хонанда маҳорати комили ҳалли масъалаҳои математикиро надошта бошад, барои омодагӣ ба дарсҳо нисбат ба хонандаго- не, ки маҳорат ва қобилияти хуби математикӣ доранд, вақти зиёдро сарф мекунад. Аз ин рӯ, чӣ гуна маҳорат доштани хонандагон имкон медиҳад, ки ҳангоми омӯзиши фанни таълимӣ аз кадом усули таълим истифода бурда шавад ва кадом усули таълим ба нақша гирифта ша- вад ва дар кадом дарсҳо ин маҳорат таҷассум ва мустаҳкам гардонида шавад. Хосият ҲАКИМОВА, омӯзгори мактаби №35-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш