Нашрияи Омӯзгор

Кӯдак зар аст, муаллим - заргар

Сана: 2021-01-08        Дида шуд: 845        Шарҳ: 0

Ман ҳамчун омӯзгор дар муддати 30 сол бо хонан- дагони саркаш ва душвор- тарбия бисёр вохӯрдам. Ин хонандагонро бо усулҳои гу- ногун ба муассисаи таълимӣ ҷалб намудам.
Дар шароити имрӯза илму тарбия хеле дигаргун шудааст. Ман сабаби инро дар якчанд омили таъсиррасон ме- бинам. Аз ҷумла, истифодаи телефонҳои мобилӣ, истифодаи нодурусти шабакаи интернет, филмҳои фаҳшу бемазмун ва монанди инҳо. Дар давоми таҷрибаи кори худ барои ҷалб намудани хо- нандагони саркаш ман бештар усулҳои ҳавасмандгардонии онро истифода мебарам. Аз таҷрибаи кориам гуф- та метавонам, ки хонандагони имрӯза аз хонандагони солҳои 90-уми қарни гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд. Асосан, он кӯдаконе, ки дар оилаҳои носо- лим ба воя мерасанд, қисми зиё- ди хонандагонеро ташкил меку- нанд, ки аз муассисаи таълимӣ саркашӣ мекунанд. Масалан, соли 2010 вақте ки роҳбари синфи 5 «А»-ро ба уҳда доштам, як нафар хонанда аз ин синф муддати зиёде саркашӣ мекарду ба муассиса намеомад. Суҳбатҳое, ки бо падару мода- ри ин хонанда мегузаронидам, натиҷае намебахшиданд. Дар натиҷаи гуфтугузори зиёд оид ба ояндааш, оид ба фоидаи таъ- лим, гирифтани маълумот… вай ба муассиса ҷалб гардид ва баъ- ди чанд муддат хонандаи хуб- хон шуд. Ҳоло ин хонанда дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият дорад ва ин бо- иси ифтихори ман аст. Чунин ҳодисаҳо дар фаъолияти кориам хеле зиёд буданд. Зиндагӣ мактаби бузургест, ки ҳар қадар бисёртар омӯзем ҳам, ба умқи он намерасем. Вале ҳар як сабақи омӯхтаамон моро судманд хоҳад буд. Дар ҳар деҳа, ноҳия, шаҳр ё вилоят одамони хушахлоқу поквиҷдон бисёранд. Дар мавридҳои гуногун онҳоро ҳамчун намуна бояд нишон дод. Аз рӯзгори эшон мисолҳо овар- да, толибилмонро ба ҳамон роҳ бояд ҳидоят кард. Ояндаи инсон аз тарбия во- баста аст. Агар фарзандони мо нағз тарбия ёбанд, фардо кори падаронро бо сарбаландӣ идо- ма дода, рӯзгори инсону ҳаёти ҷомеаро обод карда метаво- нанд. Агар онҳо бетарбия мо- нанд, пас ҷомеа рӯ ба харобӣ хоҳад ниҳод. Тарбия ва таълим ду шоҳсутунанд, ки бинои вуҷуди инсон болои онҳо пойдор хоҳад монд. Агар яке аз ин сутунҳо каҷ ё ноустувор бо- шад, пас вуҷуди инсон ба ҳаводиси рӯзгор тоб нахоҳад овард. Таълиму тарбия бояд баробар сурат гирад. Вале ба тарбия бештар бояд эътибор дод. Чунки бе тарбия таълим гирифтан ғайриимкон аст. Муаллим чашми дилҳо боз созад. Ҷаҳон бо одамӣ анбоз созад, Муаллим он, ки дар анҷоми кораш Зи шогирдони худ устоз созад. Вазифаи аз ҳама мушкил ва сангини омӯзгор бомаърифат ва бо одоб тарбия намудани фар- зандон ва шогирдон мебошад. Агар зар аз суфташавии барда- вом зебо гардад, фарзандони инсон аз таълиму тарбияи хуб соҳибхирад мегарданд, ки ин кори осон нест. Омӯзгори соҳибҳунар бо ин роҳ нони ҳалол меёбаду хуш- бахт мегардад. Ҳадиса ЗАЙНИДДИНОВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби № 54-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш