Номгузорӣ ба фарзанд баёнгари орзуву ормонҳост. Баҳсу талошҳо дар атрофи номгузорӣ ва дархости сершумори мардум оид ба бозгашт ба номгузории анъанавӣ замина фароҳам овард, ки дар моддаи 58-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдак ба доштани ном, номи падар ва исми хонаводагӣ бо дарназардошти суннатҳои қадимӣ муайян гардад.
Дар банди дуюми моддаи 58-и кодекси мазкур зикр омадааст, ки «Номи падари фарзандон бо мувофиқаи волидон аз номи падар гирифта шуда, тибқи анъанаҳои миллӣ бо роҳи илова кардани суффиксҳои (пасвандҳои) «-зод», «-зода», «-ӣ», «-пур», «-духт» ё элементҳои «пури», «духти» ва ё бо тартиби баъди номи кӯдак илова кардани номи падар ташаккул меёбад». Чунончи: Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Каёнӯши Рустампур, Париваши Сомондухт, Фарзин пури Сиёвуш, Манижа духти Кова, Аскар Ҳаким, Аълохон Афсаҳзод…
Лозим ба ёдоварист, ки тайи 10-15 соли ахир дар номгузорӣ исмҳои зебову гӯшнавози тоҷикӣ мавқеи асосӣ пайдо намуданд. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Ҳоло худшиносии миллӣ ва маънавияту зебопарастии мардум то андозае доман густурдааст, ки дигар номҳои мушкилу душворфаҳму ғайритоҷикии якранг наметавонанд бо исмҳои Исфандиёр, Фарзин, Фарзона, Нӯшофарин, Гулафзо, Гулсанам, Садбарг, Ардашер, Ардамеҳр, Шодон, Бобак, Шоҳин, Рухшона, Фарангис, Бежан, Манижа, Таҳмина, Судоба, Деваштич, Марҷон, Гулноз, Моҳпайкар ва монанди инҳо рақобат намоянд. Вале чизи дигар моро ба ташвиш овардааст. Ҳоло бисёр номҳое ба назар мерасанд, ки бемаврид бо анҷомаи «-а» номгузорӣ мешаванд ва хоси калимаҳои аслан тоҷикӣ нестанд. Чунончи: Наргиса, Анора, Дилноза, Гулноза, Шаҳноза, Парвина, Диловара ва ғайра. Исмҳои Наргис, Анор, Дилноз, Гулноз, Шаҳноз бидуни анҷомаи «-а» низ ифодагари номҳои занона буда, хеле зебову дилнишинанд. Диловар бошад, мансуб ба исми мардона буда, истифодаи ин ном дар шакли Диловара ҳамчун номи занона дуруст нест. Парвин гуфтани писар ва Парвина номидани духтар ҳам ғалат аст, зеро Парвин худ ифодакунандаи номи занона буда, ҳамноми Сурайёст. Чунончи, мо, форсизабонон, шоираи шуҳратёре дорем бо номи Парвини Эътисомӣ. Аслан Парвин шакли тоҷикии Сурайё аст. Сурайё вожаи арабиасос буда, дар забони тоҷикӣ ҳамчун истилоҳи ситорашиносӣ истифода мешавад. Дар илми нуҷум «Сурайё» падидаи осмониест, ки чанд ситораи хурд дар як ҷо ҷамъ шуда меистанд ва мисли як ситора менамоянд. Ин вожа ба маънии «баландии осмон» низ мавриди истифода қарор мегирад.
Баъзан волидон фирефтаи шакли зебои калимаҳо шуда, ба фарзандонашон номҳои аз лиҳози маънӣ харобро мегузоранд.
«Зуҳал» аз қабили ҳамин гуна номҳост. Охир, ин калима ҳамчун ситораи наҳс маънидод мешавад. Ё ин ки Сарвинисо ҳамчун Савринисо номгузорӣ мегардад, ки мазмунан хеле дағал аст. « Сарв» киноя аз ёри хушқад аст, лекин «Савр»- номи бурҷи 12- уми фалак, Бурҷи Гов аст ва ба маънии моҳи дуюми солшумории шамсӣ низ истифода мешавад, ки тақрибан ба 21 апрел-21 май рост меояд.
Мушкилии дигар дар дурустнависии номҳои арабиасос аст, ки баъд аз гузаштан ба алифбои кирилик пеш омадааст. Дар забони тоҷикӣ номҳое ҳастанд, ки аз ду калимаи арабӣ сохта шудаанд. Чунончи: Садриддин, Абдулмаҷид, Ҷалолиддин ва ғайра. Чунин калимаҳо дар алифбои классикӣ мутобиқи имлои забони арабӣ бо артикли «ал» навишта шуда, вобаста ба он ки баъд аз артикли зикршуда кадом ҳарф-ҳарфи шамсӣ ё ҳарфи қамарӣ истифода мегардад, гуногун хонда мешаванд. Вале ифодаи ин артикл дар алифбои имрӯза ғайриимкон аст. Бинобар ин, ғолибан ҳангоми навиштан ва хондани чунин номҳо ба хато роҳ медиҳем. Масалан, ба ҷои Абдуррашид-Абдурашид ва ба ҷои Абдулмаҷиду Абдулҳаким-Абдумаҷид ва Абдуҳаким менависем.
Дар тамоми забонҳо як маҳаки умумӣ ҳаст: калимаҳои иқтибосӣ мутобиқи низоми фонетикӣ ва назокати забони миллӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Лозим аст, ки забоншиносон сари ин масъала амиқ андеша намуда, феҳристи мукаммали чунин калимаҳоро бо тарзи дурусти навишташон таҳия намоянд, агарчи ин масъала дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе-2013) то ҳадде ҳалли худро ёфтааст.
Суҳроб ҲАСАНОВ,
ҷонишини директори коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оид ба тарбия,
Мавлуда САИДАКРАМОВА,
мудири шуъбаи кадрҳои
ҳамин коллеҷ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр