Нашрияи Омӯзгор

Неруи боэътимоди Ватан

Сана: 2021-01-07        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Ҷомеаи озоду демократии мо аз гурӯҳҳову ниҳодҳои гуногун таркиб ёфтааст ва муҳим он аст, ки тамоми онҳо имрӯз ҳадафи нек ва ягона доранд; тақвияти истиқлоли ҷумҳурӣ ва ривоҷбахшӣ ба созандагию ободонӣ дар Ватан. Дар ин миён яке аз тавонмандтарин неруҳои ҷомеаи кунунӣ ҷавонон маҳсуб мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо нисбат ба ҷавонон изҳори эътимодмандӣ намуда, онҳоро «неруи муқтадиру шарафманди ояндасози мамлакат» номидаанд ва ҳамчунин, бо камоли эътиқод зикр кардаанд, ки «мо дар ҳалли мушкилтарин масоили иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, дар бунёди иншооти азими кишвар ва дар таъмини суботу амнияти давлату миллат, пеш аз ҳама, ба ҷавонони бонангу номуси Ватан такя мекунему эътимод мебандем». Вобаста ба ин, ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро мебояд, ки сазовори боварии Пешвои миллат амал намоянд, фаъолу бунёдкор бошанд ва ҳаргиз ҳушёрию бедориро аз даст надиҳанд. Дар ҷаҳони муосир, ки вазъи хеле мураккабу печида дорад, ин ҷиҳати масъала аҳамияти махсусро молик аст. Ҷавононро мебояд, ки пайваста ва амиқ биомӯзанду ба равандҳои ҷаҳонӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Бояд гуфт, ки дар саросари олам имрӯз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ амалиёташонро вусъат бахшида, ҳар чӣ бештар ба ифротгароию тахриборӣ даст мезананд. Дар ин самт онҳо аз ҳама гуна васила кор мегиранд ва аз ҳама гуна бешарафӣ худдорӣ намекунанд. Ифротиён ва хоинони Ватан мекӯшанд, ки давра ба давра сафҳои худро бештар кунанд ва дар ин ҳадафи нопоки хеш асосан ба ҷавонон рӯй меоранд. Онҳо хуб медонанд, ки ҷавонон, аз як тараф, неруи тозаву пуртавонанд, аз тарафи дигар, таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранду фирефтану ба доми тазвир кашиданашон осонтар аст. Ҳарчанд аз ин ҷиҳат аксаран тири террористону экстремистон хок мехӯрад ва ба муқовимати шадиди ҷавонон дучор меоянд, дар мавридҳои алоҳида ба мақсад расида, боиси бадбахтию каҷравии бархе аз ҷавонон мешаванд. Вобаста ба ин масъалаи доғи рӯз Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид бинмудаву ҳушдор додаанд: «Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд». Дар Тоҷикистон барои муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии кирдорҳои манҳусонаи ифротиён тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» ба тасвиб расидааст, ки аз онҳо ҷавонон низ огаҳии комил доранд. Қонунҳои мазкур аҳдофи пурзиёну тахрибкоронаи ифротгароёну нотавонбинон ва душманони амнияту осоиштагии халқро ошкор сохта, донишҳои сиёсии ҷавононро вусъат мебахшанд. Ҷавонони тоҷик бояд ба ғояҳои ватандӯстонаву башарпарваронаи ниёгони барӯманди худ содиқ бошанду пайваста донишҳои сиёсии хешро вусъат бахшанд, баҳри ҳиссагузории фаъолона ба ободии Ватани маҳбуб бикӯшанд ва ҳаргиз фирефтаи ваъдаҳои бебунёду ҳавоии хоинону бадхоҳони халқу миллат нашаванд ва ҳаёти худро доғдор насозанд. Хушбахтона, ҷавонони мо имрӯз пешрафтаву фаъоланду баду нек, сиёҳу сафедро хуб фарқ карда метавонанд ва барояшон арзишҳои миллӣ, номуси ватандорӣ ва амнияти халқи азиз аз ҳама болою волост. Онҳо, воқеан ҳам, неруи бишкасту боэътимоди ояндасози миллатанд. 


Қиёмиддин НАИМОВ, 
сардори бахши кор бо ҷавонони коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш