Нашрияи Омӯзгор

Забон хишти аввалини кохи миллат аст

Сана: 2021-01-09        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

Ҳар як дарси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба мақсади илмомӯзии хонандагон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одамгарӣ, гиромӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони қадимаю вожаҳои ноби тоҷикӣ, хештаншиносӣ, хоксорӣ, фурутанӣ ва инчунин, муқобил будан ба амалҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза, ба монанди бегонапарастӣ, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир, бурдани муборизаи оштинопазир ба муқобили терроризм ва экстремизм, эҳтиром намудани суннатҳои миллӣ, бузургдошти чеҳраҳои намоёни ҷомеаи имрӯза, расидан ба қадри сулҳу дӯстӣ, ягонагӣ ва ҳамчунин, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ равона карда мешавад. Таъкидҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси тарбияи насли наврас дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар лаҳзаҳои гуногуни дарсӣ метавон истифода бурд. Агар дарс забони тоҷикӣ бошад, барои баланд бардоштани ҳувияти миллии хонандагон мо метавонем аз суханони пурмуҳтавои Президенти кишвар ба монанди: «Забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ва дунё волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст». Ё ин ки «Лафзи модарӣ азиз аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт.» метавонем истифода барем. Дар ҳақиқат, чун дурдонаҳои пок ин забон аз замонҳои дур ба мо мерос мондааст ва он аз қадимӣ будани забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Лафзи модариро азиз нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шарҳванди баору номус ва фарҳангдӯст мебошад. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо баъзе ҷавонони гумроҳгаштаю камсаводи мо ба қадри забон, миллат, ватани осудаву ободи худ намерасанд. Ба ин гуна ҷавонони сустирода муроҷиат намуда, ба шогирдон аз чунин гуфтору таъкидҳои Президенти кишвар мисолҳо овардан бамаврид мебошад: «Мо, пеш аз ҳама, барои рушди забони давлатӣ тадбирҳои лозимӣ андешида, танҳо дар ҳамин замина омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан, русӣ ва англисиро вусъат медиҳем.» ё ин ки «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таърих, фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ cap мешавад.». Дар ҷои дигар Президенти кишвар мегӯянд: «Забони тоҷикӣ на фақат гавҳари ҳастии миллати мо, балки нишони барҷастаи фарҳанги қадимӣ ва камолоти он аст». Ба оламиён маълум аст, ки забони тоҷикӣ забони бою қадима буда, таърихи беш аз ҳазорсоларо доро мебошад. Ин забон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хос буда, бо ин забони зебою ширин асарҳои оламшумули зиёде офарида шудаанд. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо китоби нодирро мисол овардан мумкин аст. Дар ин самт низ Президенти ҷумҳурӣ таъкид намудаанд, ки мутолиаи осори бузургон ва аз ҳар яке аз онҳо шеър аз бар намудани ҷавонон ва наврасон ҳатмӣ мебошад. Бо ин ҳидоят дар дили ҷавонону наврасон меҳру эҳтиром нисбат ба гузаштагони фарҳангдӯсти худ эҳё мегардад. 

Гулшан ЭШБОЕВА, 
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи №1, шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш