Нашрияи Омӯзгор

Туҳфањо ба мактаб - интернат

Сана: 2021-01-07        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, бахусус, табақаи ниёзманди аҳолӣ барои дар арафаи соли нави мелодӣ расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилоят Мӯсобек Мироватов бо мақсади вохӯрӣ ва аёдат ба мактаб интернати шаҳри Бӯстон ташриф оварданд. Зимни мулоқот бо тарбиятгирандагон қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри дастгирии ятимон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш