Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрӣ дар шаҳраки Бохтариён

Сана: 2021-01-07        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Бохтариён доир гардид. Нахуст, раиси ноҳия оид ба фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, рафти кишти тирамоҳӣ ва ғайра маълумот дод. Қайд гардид, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоат 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 48 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ёдрас шуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш