Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли равон баён гардида буданд, бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа вохӯрӣ доир намуд. Вохӯриро раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, мақсад аз баргузории ҷамъомад ва масъалаҳои баррасишавандаро баён намуд. Дар идома вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ёдрас шуда, таъкид кард, ки вобастаи ба масъалаи бемории сироятии коронавирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои беҳдоштӣ риоя карда шавад. Ҳамзамон, М.Имомзода оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, ҷоннок намудани тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои корӣ дар масъалаи сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва аёдати эҳтиёҷмандон ва шахсони имконияташ маҳдуд пешниҳодҳои судманд манзур намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчии 7-солаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Мадина Ҷабборова, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70, ки сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст, якчанд шеър қироат намуд. Ба ӯ аз тарафи вазири маориф ва илм туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр