Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: баррасии мушкилоти соҳаи маориф

Сана: 2021-01-08        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар толори раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷаласаи кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят иштирок карданд. Дар оғоз М. Имомзода аз дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти соҳаи маориф ёдовар гардид. Таъкид шуд, ки мо аҳли маорифро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пардохти маблағи истифодаи он, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон ва омодагӣ ба таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ҷиддӣ ба роҳ монем. Ҳамчунин, вазири маориф ва илм М.Имомзода дастовард, проблемаву мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи маорифи тамоми шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва ба ин васила, бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дар умум, баланд бардоштани сифати таҳсилотро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод. Сипас, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилшоҳ Исозода оид ба вазъи таъмин ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2020 суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки маблағҳои китобҳои бадеӣ ва маводи таълимӣ (журналҳои синфӣ, стандарту барномаҳои таълимӣ, роҳнамои омӯзгор ва ғ.) бояд аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва ё маблағҳои соли 4-ум ва минбаъдаи иҷораи китобҳои дарсӣ пардохт шавад. Вале қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ барои азхуд кардани ин маблағҳо аз ҷониби раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Мушкилоти дигар, зуд иваз шудани китобдорони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Вазири маориф ва илм М. Имомзода ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани норасоии омӯзгорон ва ҷойи нишаст, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру сохтмони муассисаҳо таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, пардохти саривақтии маоши омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон бо китобҳои дарсию бадеӣ, истифодаи васеи технологияи муосир, таъмини муассисаҳо бо кабинет ва озмоишгоҳҳои фаннӣ, дар фасли зимистон мунтазам таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ, пардохти маблағи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш