Нашрияи Омӯзгор

Муассисаи нави таълимӣ

Сана: 2021-01-08        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

Дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7и ноҳияи Хуросонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд. Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки му ассиса барои 320 ҷойи нишаст бо тамо ми шароит барои хонандагон пешбинӣ шуда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи хуб гуза ронидани фасли сармо муассиса бо гармкунакҳои буғӣ таъмин буда, хонан дагон бо компютеру дигар таҷҳизоти муосири иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин мебошанд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ дар деҳоти дурдасти кишвар боис мегардад, ки сатҳу сифати хониши хонандагони деҳот баланд гардида, иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бештар ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода аз рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд. Дар доираи ин сафар аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии навбунёд дар деҳаи Обшорон, ки барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, боздид сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба анҷом расида, рангубор ва як қатор корҳои хурди дохилӣ боқӣ мондаанд, ки тибқи нақша бояд то ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шароиту имконоти таълимии муосиру замонавӣ пурра омода гардад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш