Нашрияи Омӯзгор

Муваффақият ҳаст, мушкилӣ низ

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Насимҷон Ғоибзода

- Муаллими муҳтарам, оё сатҳу сифати таълим, дараҷаи донишомӯзии хонандагон ва фаъолияти омӯзгорони мактабҳои ноҳия шуморо қаноатманд карда метавонад?

- Мо ба сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон дар мактабҳо аҳамияти махсус медиҳем. Бо ин мақсад гурӯҳҳои махсуси корӣ ташкил намуда, тамоми кормандони шуъбаро барои омӯхтан ва муайян намудани сифати дарсҳо ва донишандӯзии хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар кардем. Мутаассифона, санҷиши гурӯҳҳои корӣ нишон дод, ки сифати таълиму тарбия ва дониши хонандагон моро қаноатбахш карда наметавонад. Сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимиро муайян намудем, ки аз омилҳои зерин иборатанд:  дар мактаб рӯякӣ кор кардани гурӯҳҳои сифати таҳсилот, иттиҳодияҳои методӣ, фарогирии хонандагон ба маҳфилҳо, мустақилона кор накардани хонандагон ва ғайраҳо. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, тамоми директорони муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд ва корҳо дар ин самт ҷоннок гардонида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар соли сипаригардида иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннӣ низ фаъол гардид. Дар олимпиадаи вилоятӣ хонандагон соҳиби 6 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №34 Хайрулло Исматов аз фанни алгебра ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардид. Соли ҷорӣ бошад, дар даври вилоятӣ соҳиби 9 ҷойи ифтихорӣ ва дар ҷумҳуриявӣ соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардидем, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои қаблӣ хуб буда, дар сифати таҳсилот пешравӣ дида мешавад, агарчи ин моро қаноатбахш карда наметавонад. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо то кунун аз сабаби бино надоштан фаъолияти паст дошт ва бо соҳиб гардидани бинои нав, боварӣ дорам, ки кори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷоннок мегардад. Айни ҳол дар марказ 620 нафар кӯдаки болаёқат дарсҳои иловагӣ меомӯзанд. Соли хониши 2016-2017 1059 нафар хонандаи синфи 11 муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуданд, ки аз онҳо тариқи ММТ (мактабҳои олӣ-367 нафар, коллеҷҳо - 177 (нафар, хориҷи кишвар - 35 нафар, тибқи квота - 33 нафар, мактабҳои низомӣ - 31 нафар) дохил гардиданд. Дар соли 2018 аз шумораи 1174 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи ММТ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ 1009 нафар аз қайд гузаштанд, ки 86 % -и хатмкунандагонро ташкил мекунад.

- Бигӯед, ки пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии ноҳия дар кадом вазъ қарор дорад?

- Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 519 компютер, 136 принтер, 63 нусхаафзо, 3 тахтаи электронӣ, 4 адад проектор ва 26 генератори барқӣ таъмин мебошанд. Шуъбаи маориф ва 20 муассисаи таълимӣ бо шабакаи интернет пайваст мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва падару модарони хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида, раванди харидорӣ намудани таҷҳизоти техникӣ ва дар муассисаҳо ташкил намудани кабинетҳои таълимии муосирро вусъати тоза бахшиданд.

- Таъминоти мутахассисон дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар кадом сатҳ қарор дорад? Чаро мутахассисони ҷавон дар деҳот кор намекунанд?

- Яке аз сабабҳои паст будани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ нарасидани мутахассисони варзида мебошад. Масалан, дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши 2017-2018 1115 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Мутаассифона, масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар ноҳия беҳбудӣ мехоҳад. Дар соли хониши 2017-2018 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия мебоист 81 нафар мутахассиси ҷавон ба кор меомаданд. Мутаассифона, 43 нафар омӯзгори ҷавон ба мактабҳо ҳозир шуданду халос. Ба ҷойи кор ҳозир нагардидани мутахассисони ҷавон сабабҳои худро дорад, ки набудани шароити хуби зист, маоши паст, аз шаҳр дур будан, мавҷуд набудани марказҳои фароғатӣ - истироҳатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дигар омилҳое, ки барои зиндагонии ҷавонон зарур аст, мебошад. Натиҷа ҳамин аст, ки дар муассисаҳои таълимии №№6,8,13 ва 17 омӯзгорони фанни забони хориҷӣ намерасанд.

- Вазъи сохтмону таҷдиди муассисаҳои таълимӣ дар кадом ҳолат қарор дорад? Тавре ки мо огоҳӣ дорем, аз 58 муассисаи таълимӣ, танҳо муассисаи таълимии №1 соҳиби толори варзишӣ мебошаду халос?

- Дар соли хониши 2016-2017 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳибкорону шахсони саховатпеша ва падару модарони хонандагон аз 30 муассисаи таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта 11 муассисаи таълимӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст. Дар соли 2017 дар ноҳия бинои нави муассисаи таълимии №5 барои 144 ҷойи нишаст бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, муассисаи нави таълимии №47-и деҳаи Сафедоб барои 125 ҷойи нишаст ва бинои нави замонавии муассисаи таълимии №1 барои 380 ҷойи нишаст дар як баст бо арзиши 14 миллион сомонӣ бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ноҳия барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, муассисаҳои таълимии №№30,41,29,27,25,24,22 ва 23 бо маблағгузории ҳокимияти маҳаллӣ ва падару модарон аз таъмири ҷорӣ пурра бароварда шудааст. Айни ҳол сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №28-и деҳаи Назарбоӣ бо маблағгузории буҷети вилоят, пудратчӣ ҶДММ «Сомон Орзу», бинои нави муассисаи таълимии №8-и деҳаи Зулмобод бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави муассисаи таълимии №20-и деҳаи Шоҳон барои 300 ҷойи нишаст бо арзиши 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бо маблағгузории Дирексияи иншооти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ «Ситора» бо суръат идома дошта, то саршавии соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 19 муассисаи таълимӣ дар ҳолати таъмирталабу садамавӣ қарор дорад. Аз ҷумла, бинои шуъбаи маорифи ноҳия ва беш аз 15 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш