Нашрияи Омӯзгор

Хидматҳои мондагори профессор

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси Академия ВАО китоби дигар бо номи «Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ» ба нашр расид, ки дар он мақолаву меҳрномаи донишмандону олимон ва пажӯҳишгарон ба ифтихори 80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев гирдоварӣ шудааст. Асадулло Саъдуллоев яке аз муҳаққиқон ва асосгузорони публитсистикаи тоҷик маҳсуб ёфта, ки дар ин замина асарҳои зиёди илму таълимӣ таълиф намудааст. Фаъолияти эҷодии ин олими пуркор гуногунҷабҳа буда, хидматҳояш дар рушди журналистикаву публитсистика ва тайёр намудани мутахассисони варзида бузург мебошад. Ӯ ҳам дар ҷодаи рӯзноманигорӣ, ҳам дар ҷодаи омӯзгорӣ, ҳам таҳқиқ ва ҳам публитсистика хидматҳои шоён намудааст. Дар оғози китоб номзади илмҳои филологӣ, директори Академияи ВАО Зинатуллоҳ Исмоилзода зикр намудааст: «Воқеан, вақте сухан аз касбият, истеъдод, дониш ва заминаи илмӣ меравад, пеш аз ҳама, симои устод Асадулло Саъдуллоев пеши назар меояд. Нафаре, ки барои шогирдон намунаи олии инсон, мураббӣ ва ҳампеша мебошад. Аз журналисти амалӣ, ки маводаш дар Телевизиони Тоҷикистон ва рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият»)-у «Газетаи муаллимон» (имрӯза «Омӯзгор») публитсисти воқеӣ буданашро бозгӯ мекард,  то силсилаи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ хонандаи тоҷик сабку услуби хоссаро пай бурдаву дарк мекард. Зиёда аз як ҳазор маводи ба нашррасидаи устод паҳлуҳои мухталифи зиндагии қаҳрамонони давронро барои мо муаррифӣ мекард, дарди замонро ифшо ва роҳи ислоҳи камбудиҳоро нишон медод». Академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар мақолаи «Устоду роҳнамои журналистон» қайд мекунад: «Маҳз аз ҷониби Асадулло Саъдуллоев нозукиҳо ва аҷзои жанрӣ дар соҳаи матбуот, радиову телевизион ва публитсистика роҳандозӣ гардидаанд. Жанрҳои публитсистиву бадеӣ дар заминаи таҳқиқи давомдори А. Саъдуллоев дар тарҳи махсус мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд. Махсусияти жанрҳо дар радиову телевизион бо хосияти фаҳмои тадрисӣ маҳз дар китобҳои дарсии устод ҷойгоҳи мувофиқу муносиби худро пайдо кардаанд». Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулзод дар очерки «Натавонам тасвири сурату сирати устод бикунам», ки аз зерсарлавҳаҳои «Нахуст», «Шинохт»,  «Самимият», «Бузургӣ», «Созандагӣ», «Қадрдонӣ», «Хоҳиш», «Ва ниҳоят» иборат мебошад, бо як услуби хос ва овардани мисолҳои ҳаётӣ чеҳраи воқеиву инсонии устод Асадулло Саъдуллоевро барои хонанда бармало месозад. С. Гулзод  вобаста ба самимияти устод Саъдуллоев қайд кардааст: «Дар роҳи илму таҳқиқ устод устуворанд. То охири умр агар ҳар субҳ то 5-6 саҳифа наменавиштанд, ором намегирифтанд. Таҳқиқи устод ибратомӯз асту нақш бар сангро мемонад.  Суханашон вазн дорад.  Ин аст, ки аксари шогирдони навсафари роҳи илм дар риштаи журналистика аз эшон маслиҳату машварат мегирифтанд.  Ҳар маслиҳате медоданд, аз дили соф, бо умеди пешрафти кор медоданд. Ва борҳо дида будем, ки машварти устод мушкили шогирдонро осон гардонида буд. Бахусус, ҳангоми муҳокимаи корҳои илмӣ устод аз рӯйи адолат кор мегирифтанд, сараро аз носара фарқ мегузоштанд. Дар ин бобат ҳамеша мегуфтанд: Майдони илм васеъ аст, касе ҷои касеро танг намекунад, ҳар кас бояд самтеро таҳқиқ кунад». Инчунин, дар маҷмӯа, мақолаи «Муҳаққиқи суханшинос ва устоди соҳибмактаб», «Устоди ман устоди устодҳо», «Публитсистика дар таҳқиқоти Асадулло Саъдуллоев» «Қолабшикани сабку услуб», «Устоди маҳбубу нотакрор», «Мактаби илмии профессор Асадулло Саъдуллоев дар риштаи журналистикаи телевизион», «Асадулло Саъдуллоев –публитсист», «Публитсистикаи устод Айнӣ дар шинохти Асадулло Саъдуллоев» ва ғайра мебошад, ки паҳлуҳои гуногуни фаъолияти доманадору омӯзандаи устод  Асадулло Саъдуллоевро ба хонанда ошно месозанд. Шоистаи таъкид аст, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Ҷоизаи ба номи устод Саъдуллоевро «Барои беҳтарин нашрияи маҳаллӣ» таъсис дод, ки ҳамасола 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик супорида мешавад. Маҷмӯаи «Нақши публитсистика дар шароти ҷаҳонишавӣ» барои донишҷӯёну кормандони ВАО ва муҳаққиқон дар шинохти публитсистика мусоидат намуда,  симои устод Асадулло Саъдуллоевро ба таври шоиста барои хонанда равшан менамояд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш