Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши фанҳои дақиқ дар мадди аввал

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ боз ҳам бештар гардидаву баҳри фаро гирифтани донишҳои бунёдӣ дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Инчунин,  наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ бештар таваҷҷуҳ менамоянду шавқашон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ меафзояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) пешниҳод карданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Дар заминаи пешниҳоди мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои шоистае анҷом пазируфтанд, озмуну олимпиадаҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд, ки ҳама дар маҷмӯъ, ба ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ мусоидат менамоянд. Дарвоқеъ, омӯзиши фарогири илмҳои дақиқ рушди иқтисодӣ ва ба кишвари саноатӣ табдил ёфтани Тоҷикистонро таъмин менамояд. Эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф» пайванди амиқ дорад. Зеро барои рушду пешрафти ҷумҳурӣ ба мутахассисони варзидаи соҳаи саноат эҳтиёҷ ба миён омадааст.  Барои ин лозим аст, ки аз зинаи аввали таҳсил ба ҷалби хонандагон ба омӯзиши фарогири фанҳои дақиқ диққати ҷиддӣ диҳем. Ман ҳамчун омӯзгори математика кӯшиш менамоям, ки дар раванди дарс мисолу масъалаҳои ҷолибро пешкаши хонандагон намоям, ки ин, аз як тараф, тафаккури онҳоро инкишоф медиҳад, аз ҷониби дигар, шавқу рағбаташонро ба омӯзиши математика зиёд мегардонад. Мисолу масъалаҳоеро ба хонандагон пешниҳод менамоям, ки мазмунан ва моҳиятан бо рушди иқтисодии кишвар ва бо соҳаҳои табиатшиносию бахшҳои саноат иртибот доранд. Ба ин васила, ҳам шогирдон оид ба ин соҳаю бахшҳо маълумоти нав дармеёбанд ва ҳам бо тарзи ҳалли масъалаҳои нав ошно мешаванд.   Бинобар ин, нақши омӯзгор дар шавқманд гардонидани  хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ бузург мебошад. Инчунин, дар раванди дарс аз шеваҳои гуногуни тадрис бояд истифода кард.

Суман ОЛИФТАЕВА,

омӯзгори математикаи мактаби №58-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш