Гарчанде сатҳу сифати дониши хонандагон солҳои охир нисбатан беҳ шуда бошад ҳам, мутаассифона, санҷишҳои нимсола ва солона дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ нишон медиҳанд, ки дониши қисме аз хонандагон ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Ба фикри инҷониб, сабаби ин дар он аст, ки баъзе омӯзгорон ба хонандагони синф якранг муносибат карда, ба дониши онҳо як хел баҳогузорӣ мекунанд. Ба хонандагони миёна ҳам, ба хонандагони сустхон низ баҳои «3» мегузоранд. Ин омил, албатта, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.Чизи дигар: омӯзгоронеро, ки ҳамагӣ маълумоти миёнаи касбӣ доранд, баъзеи онҳоро маъмурияти мактабҳо ба муҳлати 15 ё 20 рӯз ба такмили ихтисос равон мекунанду баъди он ҳамчун ихтисосманд дар синфҳои поёнӣ ё болоӣ бо соати дарсӣ таъмин менамоянд. Оё пас аз ин муддат омӯзгори мазкур ихтисосманди ин ё он фан шуда метавонад? Онҳо ҳамчун мутахассис аз давлат сад фоиз ҳақ ҳам мегиранд. Агар 15 ё 20 рӯзи омӯзиш онҳо мутахассиси ин ё он фан шаванд, дар мактаби олӣ 4 ё 5 сол хондан чӣ лозим аст? Ин гуна гурӯҳи омӯзгорон фарқи сатҳи дониши хонандагонро сарфаҳм намераванд. Табиист, ки хонандагон ҳассос мешаванд ва аз ин истифода бурда, баҳои муфт мегиранду мехоҳанд, ки аз дигар фанҳо ҳам баҳои муфт гиранд ва аз ин сабаб дарсро тайёр намекунанд. Ин ҳам шояд яке аз сабабҳои паст шудани сатҳи дониши хонандагон бошад? Аз ин рӯ, дар ҳамаи фанҳое, ки хонандагони синфҳои болоӣ ва ҳам поёнии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ меомӯзанд, омӯзгорон бояд мутахассиси фанни худ буда, маълумоти олӣ дошта бошанд. Як ақидаи номақбул байни омӯзгорони снфҳои болоӣ ба назар мерасад, ки чандон ҳақиқати комил надорад. Агар аз хусуси камсаводии хонандагони синфҳои болоӣ сухан равад, онҳо баҳона пеш меоранд, ки ин гуна шогирдон ҳамин хел аз синфҳои поёнӣ камсавод омадаанд, гӯё дар вақташ омӯзгорони синфҳои поёнӣ аз бетаваҷҷуҳӣ ё беправоӣ нисбат ба онҳо муҷиби танбалии онҳо шудаанд. Ҳол он ки одобу ахлоқ, саводу тартибу интизом ва дониши шогирдон танҳо аз муаллим вобастагӣ надорад. Нақши оила низ бояд хеле назаррас бошад, зеро қисми зиёди вақти хонанда дар як шабонарӯз бештар дар ҳалқаи аҳли оила мегузарад. Ба ҳар сурат, ба чунин баҳонаҷӯиҳо шогирдон ҷавобгар нестанд. Мо, омӯзгорон, бахусус, омӯзгорони синфҳои поёнӣ бояд бештар ҷаҳду ҷадал намоем, ки пояи саводу дониши шогирдонамонро аз синфҳои поёнӣ мустаҳкам гардонем, зеро дар хурдӣ илм омӯхтан дар санг нақш бастан аст.
Ҷумъагул ШОДМОНБЕКОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр