Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷавонон нақши босазо гузошт.
Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии сохтори ҷамъиятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳу ғамхории зиёд зоҳир шуда истодааст.
Бахусус, ин раванд баъди вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ва собиқадорони ин соҳа (20 декабри соли 2010) дар сатҳи нав баррасӣ гардида, бо мақсади рушд ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тағйиротҳои ҷузъӣ ба барномаҳои қабулкардашуда ворид гардиданд.
Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда варзишро ҳамчун қосиди сулҳ, воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ меҳисобанд.
Албатта, дар муваффақият ва комёбиҳои варзишии варзишгарони мо сиёсати варзишпарваронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии он кас баръало намоён аст. Истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои варзишгарони моро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ ба таври бояду шояд таъмин намуд. Дар даврони Шӯравӣ ин имконият, алалхусус, ба варзишгарони мо маҳдуд буд.
Дар ин давра варзишгарони ҷумҳурӣ дар як қатор чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиё, ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои осиёӣ, Гран-приҳо ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани варзишгарон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 9-январи соли 2015 таҳти рақами №328 «Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба тасвиб расид. Аз ҷумла, барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ҷавобан ба сиёсати дастгирона ва ғамхоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи варзиш мутахассисон, мураббиён ва варзишгаронро зарур аст, ки кӯшишу ғайрати боз ҳам зиёдтар ба харҷ дода, нишондиҳандаҳои аз он ҳам хубтарро ба даст оранд.
Бо ин мақсад бояд кори федератсияҳоро пурзӯр намуда, баргузории чорабиниҳои варзишии байналмилалиро дар ҷумҳурӣ таъмин намоянд.
Аз рӯйи иттилоъ алҳол дар ҷумҳурӣ 132 мактаби варзишӣ амал намуда, зиёда аз 42 ҳазор наврасону ҷавонон ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш мебояд дар назди мактабҳои таҳсилоти миёна гурӯҳҳо кушода, наврасону ҷавонон фориғ аз дарс ба тамрин фаро гирифта шаванд.
Пештар дар назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мактабҳои варзишӣ амал менамуданд, бо сабабҳои номаълум фаъолияти ин мактабҳо қатъ гардиданд. Бо мақсади рақобати солим, ҷалби наврасон ва ҷавонон ба варзиш ва дарёфти чеҳраҳои варзишӣ аз ҳисоби толибилмони шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти ин мактабҳоро аз нав эҳё намуда, мутахассисони касбиро ҷалб намоем.
Тарбияи ҷисмонӣ як рукни педагогӣ буда, омӯзиш, ҳаракат ва сифатҳои ҷисмониро меомӯзад ва ҳамчун фанни асосӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, на танҳо барои беҳдошти саломатии кӯдакону наврасон ва ҷавонон, инчунин баланд бардоштани рӯҳияи онҳо барои меҳнати ҳалол кардан ва дифоъ аз Ватан нақши ҳалкунанда мебозад.
Дар ҳақиқат, саломатӣ беҳтарин ҷавҳари инсон аст ва мо муваззаф ҳастем, ки ҷисми худро солиму бардам нигоҳ бидорем.
Яке аз омилҳои асосии саломатӣ машқҳои ҷисмонӣ ба шумор рафта, дар сурати пайваста ва мунтазам машғул шудан ҷисми инсонро солиму неруманд нигоҳ дошта, рӯҳи ӯро болида мегардонад. Бахусус, агар мо мунтазам ба машқҳои гимнастикаи пагоҳирӯзӣ машғул шавем.
Баъди фаъолияти кории рӯзона ҷисми инсон монда шуда, шабона ба истироҳат ниёз дорад. Вақте ки мо хоб меравем, мушакҳои баданамон дам мегиранд, субҳгоҳон аз хоб хеста, вазниниро ҳис мекунем, яъне мушакҳои бадани мо камфаъолиятанд. Моро мебояд, тавассути гимнастикаи пагоҳирӯзӣ мушакҳои бадани худро фаъол гардонида, барои кори рӯзона омода созем. Ҳамзамон, мушакҳои бадани мо неру гирифта, дар вуҷудамон қобилияти коршоямӣ меафзояд. Илова бар ин, агар мо мунтазам ин корро давом диҳем, муқобилияти ҷисми моро нисбат ба касалиҳо пурзӯр намуда, дар як вақт фаъолияти кории инсонро афзун менамояд.
Мутафаккире гуфтааст: «Мо бо он муомилаи дағалонае, ки нисбат ба ҷисми худ ва машқҳои варзишӣ дорем, дарозумрии худро то як андоза кӯтоҳ менамоем».
Ҳақ бар ҷонибӣ гӯяндаи ин суханҳост. Вақте ки мо нисбат ба ҷисми худ бепарвоёна муносибат менамоем, билохир вуҷуди мо заиф гашта, фаъолияти меҳнатиамон коста мегардад.
Бо ҳамин мақсад ҳамаи шаҳрвандони моро зарур аст, ки бо риояи реҷаи меҳнат ва истироҳат бо истифода аз машқҳои ҷисмонӣ бадани худро солим нигоҳ дошта, саҳми босозои худро дар рушди босуботи кишвар гузоранд.
Давлаталӣ Файзалиев,
устоди Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр