Директори Маркази технологияи иттилоотӣ коммуникатсионии назди раёсати маорифи вилояти Хатлон Акмал Нурализода изҳор дошт, ки давоми соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти имконияти мавҷуда бо компютер, тахтаҳои электронӣ, принтер ва дигар намуди васоити техникӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, дар асоси дархости роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, компютерҳои корношояму таъмирталаб бо мусоидати Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионии назди раёсати маорифи вилояти Хатлон барқарор ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1117 адад компютер мавҷуд аст, гуфт директори Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар ноҳияи Вахш Хуршед Раҷабов. Мавсуф илова намуд, ки дар ин давра кормандони марказ таъминоти саривақтии таҷҳизоти компютерии муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру тармими онҳоро назорат намуда, дар ҷалби омӯзгорони фаннӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва ба онҳо расонидани ёрии методӣ мусоидат намуданд. Ҷонишини директори муассисаи таълимии №2-и ноҳия Муҳиддин Абдуллоев изҳор дошт, ки дар муассиса 16 компютер мавҷуд аст, ки аз он 4 ададаш корношоям мебошад. Мавсуф илова кард, ки шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ рӯз то рӯз бештар мегардад ва ин боис гардидааст, ки дар баробари дарсҳои нақшавӣ маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои иловагиро ба роҳ монем. Мутахассиси Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионии шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Исломиддин Дадабоев афзуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 89 нафар омӯзгори фанни мазкур фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 176 адад принтер, 3 тахтаи электронӣ, 16 адад видеопроектор ва зиёда аз 1000 адад компютер мавриди истифода аст. Ҳамзамон, 53 муассисаи таълимӣ ва кӯдакистонҳои ноҳия бо 230 адад камераи мушоҳидавӣ таъмин мебошанд, гуфт И. Дадабоев. – Соли равон 14 нафар омӯзгори фанни мазкур барои баланд бардоштани маҳорати касбӣпедагогӣ ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фиристода шуданд. Ҳамчунин, 119 адад компютер аз тарафи Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионии назди раёсати маорифи вилояти Хатлон ба пуррагӣ таъмир карда шуд. Ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён С. Мирзоев, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи номбурда беш аз 1100 адад компютер мавҷуд мебошад, ки 267 адади онҳо таъмирталабанд. Дар ин давра 8 адад компютери нав харидорӣ карда шудааст. Илова бар ин, 177 адад принтер мавҷуд мебошад, ки 58 адади онҳо корношояманд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 3 тахтаи электронӣ ва 4 проектор мавҷуд мебошад. Давоми соли ҷорӣ беш аз 100 адад компютери корношоям аз тарафи Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионии назди раёсати маорифи вилояти Хатлон таъмир гардиданд.
С.АЗИЗӢ, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр