Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии кормандони такмили ихтисос ва бозомӯзии соҳаи маориф даври ниҳоии озмуни «Мураббии сол» баргузор гардид, ки дар он 5 нафар довталаб аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Данғараи вилояти Хатлон, Рӯшони ВМКБ, Синои шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор иштирок ва сабқат намуданд. Озмунро вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Маҳмадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинаи таҳсилоти томактабиро ҳамчун бахши афзалиятноки соҳаи маориф баҳогузорӣ кардаанд. Тайи солҳои охир ба ин зинаи таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, баҳри рушди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ стандарту барномаҳои нави таълимӣ қабул карда шуданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сатҳи баргузории озмуни «Мураббии сол» дар шаҳру навоҳии кишвар бамаротиб боло рафта, истеъдодҳои наву умедбахш ба майдони фаъолият гомҳои устуворона гузоштанд. Сипас, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ дар хусуси ислоҳоту дигаргуниҳое, ки дар соҳаи маориф, ба хусус, зинаи таҳсилоти ибтидоӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба амал омадааст, ҳарф зад. Дар шарти аввали озмун аз довталабон муаррифии эҷодии фаъолияти педагогӣ бо такя бо назарияҳои педагогӣ-психологӣ ва адабиёти методӣ тақозо мешуд. Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова бо истифода аз тахтаи электронӣ лаҳзаҳои хотирмонро аз машғулиятҳои баргузорнамудааш ба намоиш гузошт. Ба гуфти Гулнора, дар кӯдакистоне, ки кор мекунад, китобхонаи замонавӣ мавҷуд аст, ки ба кӯдакон барои мутолиаи асарҳои бадеӣ тавсия ва пешниҳод мегардад. Довталаб муаллифи дастури «Намунаи машғулиятҳои фаъолияти таълимӣ» буда, ҳамчунин, маърӯзаву мақолаҳои методии худро бо номи «Тарбия-ҷавҳари худшиносӣ» пешниҳод намуд. Мутаассифона, чунонки аъзои ҳакамон хотирнишин карданд, довталаб гоҳо аз асли мавзӯъ дур рафта, ба нақли батафсил, ки ба шарти озмун мутобиқат намекард, саргарм мешуд. Ҳол он ки дар шарти озмун, дар баробари муаррифии эҷодии фаъолияти педагогӣ, дастовардҳо ва таҳлили натиҷаи таҷрибаи касбӣ, намунаи машғулиятҳои кушод ва ғайра низ бояд рақамзанӣ мешуд. Дар умум, аз суханронии Г.Оймадова маълум шуд, ки вай таҷрибаи ғании кор дар гурӯҳи омодагӣ ба мактабро доро буда, соҳиби донишу фаҳмиши хуб ва ҳунару маҳорат дар гузаронидани машғулиятҳо мебошад. Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Неъматзода Шаҳло Нуралихон зимни муаррифи фаъолияти педагогии хеш иброз дошт, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо ва донишандӯзии тарбиятгирандагон бо волидон ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки тарбиятгирандагони кӯдакистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Донояк» иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ш.Неъматзода таъкид кард, ки аз бозиҳои дидактикӣ истифода карда, ҳамзамон, ба ғанӣ гардонидани захираи луғавии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Ҳангоми муаррифии фаъолияти худ довталаб маърӯзаҳояшро пешниҳод кард. Мураббияи муассисаи таҳ-силоти томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон Наргис Шарипова низ монанди ҳампешагони худ доир ба фаъолияти мураббиягӣ, таҳсил дар донишкада ва оғози кораш ба тафсил маълумот дод. Муаррифии фаъолияти довталаб воқеан пурмоҳият ва серпаҳлую доманадор буд. Аммо нақли тарҷумаи ҳол тӯлонӣ буд, суханҳои умумӣ низ вақти зиёдро гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар байни довталабон дар муаррифии фаъолияти педагогии мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и ноҳияи Б.Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибекова паҳлуҳои тоза ва нуктаҳои диққатҷалбкунанда ба мушоҳида расид, ки аз заҳмату омӯзиши бардавоми номбурда шаҳодат медиҳад. Таҳмина тавассути навор дар бораи машғулиятҳои гузаронидааш маълумот дода, иброз дошт, ки ба ғайр аз васоити техникии муосир, дар дарсҳояш аз асбобҳои аёнии худсохт самаранок истифода мекунад. Дар раванди машғулиятҳо ба омилҳои рӯҳию равонии кӯдакон низ диққат медиҳад. Дар машғулиятҳои адабиёти бадеӣ ба рушди инкишофи нутқи шифоҳии тарбиятгирандагон ва захираи луғавии онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар баробари забони тоҷикӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро ҳам ба роҳ мондааст. Аз иқдомоти дигари довталаб он аст, ки дар кӯдакистон гурӯҳи хорсароёнро таъсис додааст. Мураббияи муассисаи таҳ-силоти томактабии №7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова зикр намуд, ки таълиму тарбияи кӯдаконро дар гурӯҳи синни миёна ба уҳда дорад. Мавсуф перомуни машғулиятҳои худ, методу шеваҳои таълимӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ маълумоти ботафсил ироа намуд. Шарти дувуми озмун ҷавоби амиқ ва дуруст додан ба 5 савол оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълимиву тарбиявӣ ба шумор мерафт. Тавре ки узви ҳайати ҳакамон, мактабшинос Т.Девоншоева изҳор дошт, аслан довталабон дар қиёс бо иштирокдорони соли гузашта дониши хуб нишон дода, ба саволҳо асосан посухҳои саҳеҳу муътамад доданд. Вале як нуктаро бояд тавзеҳ дод, ки иштирокдорон дар бораи асноди меъёрии ҳуқуқӣ (стандарту барномаҳо, консепсияҳои марбути соҳа ва ғ.) маълумоти сатҳӣ доранд. Дар баргузор намудани шарти сеюми озмун, ки ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар ба ҳисоб мерафт, ҷиҳати фарқкунанда дар фаъолияти довталабон он буд, ки онҳо ба мизи мудаввар коршиносонро даъват карда буданд. Довталабон Таҳмина Ҳоҷибоева, Шаҳло Неъматзода, Гулнора Оймадова, Наргис Шарипова ва Шаҳноза Раҳмонова бо ҷӯшу хурӯш ва эҳсоси баланд дар мизҳои мудаввари гузаронидаашон то андозае фазои озоди баёни андеша ва баҳси судмандро ба амал оварда тавонистанд. Вале, аз нигоҳи аъзои ҳакамон, тарзу шеваи роҳандозии мизҳои мудаввар то ҳадде ба баргузории машғулиятҳо шабоҳат дошт. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар ҳамаи озмунҳое, ки ҳамасола гузаронида мешавад, довталабон дар иҷрои шарти номбурда мушкилӣ мекашанд. Дар шарти озмун таъкид шудааст: ба иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод карда тавонистани моҳияти илмию амалӣ ва таълимию тарбиявии мавзӯи муҳокимашаванда, маҳорати эҷодӣ, ташкил карда тавонистани мубоҳиса оид ба мавзӯъ, ҷалб кардани онҳо ба баҳсу хулосабарорӣ, маҳорати гӯш кардан, шунидан ва дарк кардани мавқеи иштирокчиён, эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ зарур аст. Мутаассифона, чи аз назари педагогӣ ва чи психологӣ, омилҳои дар боло зикршуда дар мизҳои мудаввари давталабон ба таври пурра таҳлилу баррасӣ ва мавриди иҷро қарор нагирифтанд. Дар рӯзи дуюми озмун довталабон ба иҷрои шарти муҳим баргузории машғулияти таълимӣ шурӯъ карданд. Атрофи то чӣ андоза дар иҷрои ин шарт комёб гардидани довталабон, узви ҳайати доварон, профессор Бибиҳафиза Маҷидова иброз дошт, ки довталаб Шаҳноза Раҳмонова аз шаҳри Ҳисор дар мавзӯи «Тоҷикистон Ватанам, ифтихорам» дар гурӯҳи синни миёна машғулият гузаронида, тавонист аз васоити аёнӣ истифода карда, диққати гурӯҳро ба худ ҷалб намояд. Машғулият 23 дақиқа давом кард. Довталаб Шаҳло Неъматзода аз шаҳри Душанбе дар машғулияти инкишофи нутқ муназзамии раванди дарсро таъмин карда, аз васоити технологияи муосир истифода намуд. Ҷиҳати ҷолиби машғулият он буд, ки хусусияти фарогир (комплексӣ) дошт. Хуб мешуд, ки баъзе калимаҳо на бо забони русӣ, балки тоҷикӣ талаффуз мешуданд (таври мисол, сок афшура, варений мураббо ва ғ.) Таҳмина Ҳоҷибекова, аз ноҳияи Б. Ғафуров дар машғулияташ аз васоити техникӣ самаранок истифода кард. Кӯдаконро ба гурӯҳҳо ҷудо кард ва онҳо амалҳои вижаро иҷро намуданд. Аз ҷумла, ба аҳли гурӯҳ тарзи дурусти талаффузи овозҳоро хотиррасон карда, бештар ба самти рушди инкишофи нутқ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҷиҳати хотирмони машғулияти гузаронидаи дов-талаб Н. Шарипова аз ноҳияи Рӯшон дар он буд, ки вай дар машғулияти хониши бадеӣ кӯдаконро дар рӯйи гилем шинонда, мавзӯъро ба қисмҳо ҷудо намуда фаҳмонд. Дар рӯйи гилем расми ҳайвонҳо густурда шуда буд. Агар довталаб ҳамаи тарбиятгирандагонро ба дарс фаро мегирифт, сифати машғулият баланд мегардид. Дар шарти 5-уми озмун довталабон ҳолатҳои психологӣ-педагогиро таҳлил намуданд. Дар раванди лаҳзаҳои гуногуни педагогӣ равонии ба мураббиён пешниҳодшуда, бояд ба фаъолиятҳои гуногун ба пайдоиши «навовариҳои» синнусолӣ аҳамият дода, ҷавобҳои асоснок медоданд. Дар ин маврид донистани маълумот дар барои хусусиятҳои равонӣ педагогӣ, дар бораи фаъолияти психикӣ ва ҷисмонии кӯдак ҳатмӣ мебошад. Ҷавобҳои пешниҳодшудаи довталабон таҳлил гардида, методу усулҳои дар ин лаҳзаҳо истифодашаванда барои аъзои ҳакамон муаррифӣ шуданд. Шарти 6-уми озмун аз тасвири манзара дар алоқамандӣ бо чорабиниҳои давлатӣ, идҳо ва мавзӯъҳои таълимӣ иборат буд. Дар рафти озмун муайян гардид, ки то кадом андоза мураббия аз шаклҳои гуногуни санъати тасвирӣ бохабар мебошад, қобилияти дарки онҳоро дорад ва дар ӯ қобилияти расмкашӣ, сохтан, гулмонӣ, суробсозӣ ташаккул ёфтааст ва онро мавриди истифода қарор медиҳад. Довталабон Ҳоҷибекова Таҳмина, Оймадова Гулнора, Неъматзода Шаҳло, Раҳимова Шаҳноза, Шарипова Наргис бо истифода аз маводи гуногун дар вақти муайяншуда манзараро вобаста ба маҳорату малакаашон сохта, муаррифӣ намуданд. Таклифу пешниҳодҳо: 1.Кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ бояд ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаро ҳамаҷониба омӯхта, вобаста ба мазмуну муҳтавои онҳо фаъолияти касбии худро сайқал диҳанд. 2. Инчунин, бештар адабиёти педагогию равониро таҳлил намуда, аз онҳо бархӯрдор гардида, дар амалия, махсусан, ҳангоми иштирок дар озмунҳо мавриди истифода қарор диҳанд. 3. Мушовирони соҳаи таҳсилоти томактабии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва раёсатҳои шаҳру вилоятҳо бояд ба иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои аз худ намудани донишҳои нави замонавӣ роҳнамоӣ намоянд, методикаи гузаронидани машғулиятҳоро дар гурӯҳҳои синнусолӣ назорат намоянд, донистани забони русиву англисӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ ва усулҳои нави таълимиро талқин намоянд. 4.Муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол» тибқи муқаррароти умумии Низомномаи озмуни «Мураббии сол» ширкат варзанд. 5. Низомномаи озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» тибқи талаботи замони муосир мавриди таҷдид қарор дода шавад. 6. Дар гузаронидани озмунҳо ба раванди таълим, яъне тартиби нақшаи корӣ, ҷузвдонҳо, навиштани рафти машғулият, омода кардани реферат, тавсияҳои педагогӣ ва дастурҳои методӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» риоя карда шавад. Ҳамин тавр, озмуни «Мураббияи сол-2020» ҷамъбаст гардид, ки дар он довталаб Таҳмина Ҳоҷибекова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Неъматзода Шаҳло Нуралихон, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуда, сазовори шоҳҷоиза ва мукофоти пулӣ гардиданд. Дигар довталабон низ бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва мукофотҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.
Шодӣ Раҷабзод,
Насриддин Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр