13-уми январи соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ – муовини вазир ва аъзои ҳакамон маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” баргузор гардид.
Нахуст М. Имомзода – вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодааст, ки омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намоянд ва дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.
Ҳамчунин, вазир аз фаъолияти ҳакамон, мутасаддиён ва ҳамкории ВАО ҷиҳати мунтазам ба нашр расонидани хабару гузоришҳо дар бораи ҷараёни баргузории озмун изҳори сипос намуд.
Сипас, Манзура Мадатзода – раиси ҳайати ҳакамони озмун изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома доварон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар як довталабро таҳлил намуда, баҳогузорӣ карданд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар яке аз шартҳо миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд. Вайсиддин Исмоилов – раиси Кумитаи тадорукоти озмун қайд кард, ки дар давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.
Дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон Азизбек Зумратов – омӯзгори химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” дониста шуд. Инчунин, Дилором Ҷалолова – омӯзгори биологияи муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм, Некрӯз Турсунзода – омӯзгори географияи мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Сайлӣ Наврӯзбекова – омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хорӯғ ҷойҳои сеюмро ба даст оварда, бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, Тоҳирҷон Холиқов – омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Дар охир М. Имомзода ғолибонро табрик намуда, таъкид кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила, дар беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, баланд бардоштани дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр