Нашрияи Омӯзгор

Азизбек Зумратов – ғолиби «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2020»

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф   озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2020» баргузор шуд. Дар оғоз  вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода  довталабонро барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии озмун табрик намуда, дар бораи афзалияти  соҳа, бахусус, ислоҳоти соҳа, дастовардҳои  соҳаи маориф ва илм дар мисоли пирӯзии шогирдон дар озмунҳои байналмилалӣ, равандҳои нав дар таълим, таълифи китобҳои дарсӣ бо дарназардошти муносибати салоҳиятнокӣ ва дигар масоил суханронӣ кард. 
Ҳамчунин, вазир оид ба ташкил ва гузаронидани озмун андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки озмун   ба қабули Барномаи «Бистсолаи рушди  омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020 – 2040»   созгор омадааст, зеро аз панҷ нафар довталаб   се нафарашон  мутахассисони ин соҳаҳо мебошанд. 
Сипас, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҶТ, ҳамзамон раиси кумитаи тадорукоти озмун Вайсиддин Исмоилов довталабонро бо шартҳои озмун шинос намуданд. 
Дар  шарти аввали озмун фаъолияти кории худро Некрӯз Турсунзода (омӯзгори географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб) муаррифӣ намуд. Тибқи гуфтаи номбурда, ӯ дарсҳояшро бо усулҳои гуногуни таълим, аз ҷумла, диаграммаи ВЕНН, ангезиши зеҳн, методҳои инфиродӣ, интерактивӣ, истифодаи варақаҳо, тестҳо, воситаҳои техникии таълим  ва ғайра роҳандозӣ менамояд.  Таҷрибаи даҳсолаи корӣ дошта, аз такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати таълим гузашта, ба пешаи омӯзгорӣ ҳанӯз дар курси сеюми донишкада таҳсил карданаш дил бастааст. Донишкадаи олиро бо дипломи аъло хатм  ва дар даври шаҳриву вилоятии озмуни «Омӯзгори сол» ширкат намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Шогирдонаш дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида,  соҳиби даҳ  медал гардидаанд. Н. Турсунзода муаллифи 4 дастури методӣ оид ба омӯзиши илми география аст.  
Омӯзгори фанни химияи литсейи №3 барои  хонандагони  болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов таҷрибаи 18 – солаи омӯзгорӣ  дорад. Вай фаъолияти хешро тавассути маърӯза бо истифода аз тахтаи электронӣ намоиш дод. Бино ба гуфти ӯ, муваффақиятҳояшро дар ҳамкорӣ бо олимони соҳаи химия мебинад. Сомонаи  худро ташкил намуда, оид ба навигариҳо дар  соҳаи маориф маълумоти хешро меафзояд. Соҳиби ду ихтирои илмӣ, 12 дастури методӣ, бештар аз 50 мақола аст, ки 17 – тои  он илмианд. Вай бо истифода аз исми элементҳои кимиёвӣ (зери  кадом рақам ҷой гирифтани  онҳо)  тақвими рӯз ва вобаста ба бурҷи дувоздаҳгона ҳаракати соатро сохтааст. 
Тоҳирҷон Холиқов - омӯзгори забони русии  мактаби миёнаи № 8-и шаҳри Шаҳринав,  новобаста аз он ки дар байни довталабон  собиқаи   нисбатан  кам (5 сол ) дорад,   ба комёбиҳои  зиёде  ноил  гардидааст. Вай хатмкардаи ДДЗТ  ба номи С. Улуғзода буда,  аз васоити  техникии таълим хуб бархурдор аст ва ин сабаб гардидааст, ки шогирдонашро ба омӯзиши фанни худ ҳарчи бештар ҷалб намояд.  Ӯ низ сомонаи  худро ташкил кардааст, ки ҳамарӯза аз он истифода бурда, бо муштариёнаш дар тамос мебошад. Тавассути ВАО низ 48 мақола вобаста ба методҳои таълими забони русӣ  чоп намудааст.Тоҳирҷон омӯзгори синфҳои поёнист ва мехоҳад, ки бо дониш ва таҷрибаи ҳосилкардааш  меҳри ин забонро дар дили шогирдон ҷой созад.
Тибқи муаррифии фаъолияти хеш дастовардҳояшро омӯзгори забони англисии литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ, ВМКБ) Сайлӣ Наврӯзбекова ба  ҳайати ҳакамон пешниҳод кард. Сайлӣ таҷрибаи даҳсолаи корӣ дошта, хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллима аввал дар мактаби № 49- и пойтахт, баъдтар дар литсейи «Нурбахш» - и шаҳри Норак ва имрӯз дар литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ ба омӯзиши ин забон машғул аст. Шогирдонаш дар олимпиадаҳо ва озмунҳои омӯзиши забони англисӣ ширкат намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд. С. Наврӯзбекова афзуд, ки дар китобҳои пештараи забони англисӣ аксаран матнҳо ба давлатҳои Англия, Америка ва Австралия дахл дошт. Акнун худи вай ташаббус нишон дода, пораҳо аз асари «Гулистон» ва дигар адибони тоҷикро интихобан ба шогирдон бо ин забон меомӯзонад. Чи тавре ки ӯ гуфт, китоби дарсиеро зери роҳбарии профессор П. Ҷамшедов таҳия намуда, ба ВМИ ҶТ барои хонандагони синфҳои 10 – 11 ҳамчун воситаи таълимӣ пешниҳод намудааст. 
Омӯзгори биологияи муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова    фаъолияти худро муаррифӣ  карда, иброз дошт, ки     собиқаи ҳафтсолаи омӯзгорӣ дошта, дар таҳияи маводи методӣ таҷрибаи калон дорад. Бо чанд намунаи корҳои дастиаш ин гуфтаро тасдиқ намуд. Вай дар машғулиятҳояш бештар усули муносибати  босалоҳиятро  истифода бурда, бо ин   мехоҳад хонандаҳо ҳама   дар дарс фаъол  бошанд. Аз нақли муаллима маълум гардид, ки роҳбари иттиҳодияи методист ва панҷ нафар шогирдаш дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии  фанни биология  ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. 
Барои Дилором мояи ифтихор  аст, ки як нафар шогирдаш аз фанни биология дар озмуни байналмилалӣ дар  Ҳиндустон иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардидааст. Муаллима  дар мактаб роҳбари  иттиҳодияи методист ва аз воситаҳои техникии таълим васеъ истифода мебарад. Дар баробари ин, ба иқрори ӯ, васоити аёнии  дастисохт низ  завқи бачаҳоро ба зебопарастӣ бедор менамояд.
Дарсҳо дар мактаби рақами 55 – и пойтахт  баргузор шуд.    Албатта, ҳамаи довталабон мекӯшиданд, ки дарсашон  диққатҷалбкунанда ва бо васоити аёнӣ, бахусус, тавассути технологияи муосир гузарад.    Машғулиятҳои ҳамаи довталабон вобаста ба мавзӯъ  хотирмон   буда, маҳорату ҳунари омӯзгоронро нисбат ба касбашон  собит намуд. Некрӯз  мавзӯи дарс – «Саноат ва кишоварзии Украина» - ро дар синфи 11 – ум гузаронд. Вай кӯшид, ки машғулият   шавқовар гузарад, аз ин рӯ, хонандагонро ба се гурӯҳ  – «Кишоварз», «Саноат» ва «Нақлиёт»  ҷудо намуда, байни онҳо  мусобиқа ташкил намуд. Ба ин васила, аксар масъалаҳо вобаста ба мавзӯи номбаршуда баён гардид. Пурсиши вазифаи хонагӣ, алоқамандии он  ба мавзӯи нав ва ҳамчунин, бо мавзӯҳои такрорӣ хеле хуб мушоҳида гардид.  
Омӯзгори забони англисӣ  С. Наврӯзбекова дар синфи 10 – ум дарс гузашт. Мавзӯи он  ба манзараҳои дилфиреби шаҳри Душанбе ихтисос дошт. Ҷолибияти дарси муаллима аз он иборат буд, ки вай тавонист тавассути ноутбук манзараҳои пойтахт, биноҳои пештара ва имрӯзи Душанберо бо муқоиса ва истифода аз мусиқии гӯшнавоз намоиш диҳад. Бино ба иттилои узви ҳайати ҳакамон, корманди МД ДҶТИБКСМ А. Наҷмиддинов, Сайлӣ дар ҷараёни дарс методҳои гуногунро истифода карда тавонист. Масалан, омӯзгор дидактика, технология, шунавонидан, хонондан, гурӯҳбандӣ, тарҷума кардан, кор бо луғат дар  тахтаи синф, кор бо варақаҳо ва монанди инро ҳадафмандона истифода кард. Вай,  ҳамчунин,    калимаҳои  душворфаҳмро  дар тахтаи синф навишт ва ба якҷо  бо шогирдон  бо садои бурро талаффуз намуд, ки минбаъд ба луғатдонии хонандагон мусоидат хоҳад кард.  Хуллас, омӯзгор ба мақсад расид, дар вақти муайяншуда дарсро ба охир расонд, ба хонандагон  баҳои муносиб гузошта тавонист.
Машғулиятҳои довталабон А. Зумратов, Д. Ҷалолова, Т. Ҳолиқов низ бо истифода аз усулҳои нави таълим -  технологияи муосир, муносибати босалоҳият ва монанди хеле ҷаззоб буд. Дар қисмати таҳлили дарс бошад, довталабон аввал  доир ба дарсҳои гузаштаи худ, сипас, оид ба дарси ҳамкасбонашон, ки дар машғулиятҳои якдигар иштирок доштанд, андешаронӣ карданд. 
Маълум, ки омӯзгори имрӯза бе истифодаи технологияи компютерӣ дар раванди дарсҳо  муваффақ нахоҳад гардид. Ба ҳар сурат, дар ин самт байни довталабон фарқи  куллӣ буд. Маълум гардид, ки иддае аз онҳо  ҳанӯз аз технологияи  иттилоотӣ ба таври васеъ истифода  карда наметавонанд.  Чунин ба назар менамуд, ки довталабон тахтаи электрониро, аслан, барои ба назар гирифтани ҳакамон истифода менамуданд,   ки ҷойи таассуф аст.
Раиси ҳакамон М. Мадатзода, декани факултаи педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илми педагогӣ  иброз дошт, ки тибқи талаботи Низомнома доварон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар як довталабро ба таври шаффоф таҳлил намуда, баҳогузорӣ  карданд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар яке аз шартҳо миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаҳои онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд.    
- Тақрибан ҳамаи онҳо дар дарси худ аз маслиҳатҳои равоншинос  ва ҳуқуқшинос истифода карданд ва  тавонистанд диққати «падару модарон» - ро ба ҳалли мавзӯъ ҷалб намоянд. Ҳамчунин, довталабон дар ташкили дарси тарбиявӣ низ ҳунари хуб нишон дода  тавонистанд.  
Шарти дигар - ҷавоби дуруст додан ба даҳ савол бо мақсади донистани асноди меъёрӣ буд, ки мутаассифона, на ҳамаи ҷавобҳо пурра буданд. Дар ин шарт ҳайати ҳакамон, ҳамчунин, ба дониши хаттӣ  ва баъд шифоҳии довталабон баҳогузорӣ карданд.
Ниҳоят, озмун    ҷамъбаст  гардид. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон М. Имомзода ба шаффофияти озмун баҳои баланд дода, фаъолияти ҳамаи довталабонро  ситоиш намуд.
 Дар натиҷа омӯзгори химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов  (бо гирифтани 198,3 хол) ғолиб омад. Ҷойи дуюм насиби Дилором Ҷалолова (бо 197 хол) ва ду ҷойи сеюм насиби омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова (ҳарду бо 194 –холӣ) шуд. Тоҳирҷон Холиқов, омӯзгори забони русии мактаби миёнаи №8, шаҳри Шаҳринав   ҳамчун иштирокчӣ (бо 153 хол) эълон гардид. Ба ғолиби озмун аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 4000 (чор ҳазор) сомонӣ, ба ҳамаи довталабон нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Ҳотами ҲОМИД, 
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш