ҳангоми мутолиаи осори адибони пешину муосир бо вожаҳое вохӯрдан мумкин аст, ки тарзи навиштани онҳо шубҳаоваранд. Ин нукта зимни таҳлили сарфӣ кардани ин ё он калима ошкор мегардад. Масалан, вожаи шабпарак дар шаклҳои шабпарак, шабпара// шапалак дар фарҳангҳо оварда шудааст. Перомуни калимаи «парвона» низ метавон чанд сухан гуфт, зеро парвона аз шабпарак фарқ дорад ва онро «шабпарак» номидан, ба назари мо, саҳеҳ нест. Дар қадами аввал мо шарҳи додаи фарҳангҳоро оид ба вожаҳои «шапарак» ва «парвона» оварда, сипас нуқтаи назари хешро баён медорем. Мо зимни шарҳу маънидод ба таърихи баромади вожаҳои мазкур дахл намекунем, зеро он вазифаи мутахассисони таърихи забон аст.
Муаллифи «Туҳфат - ул - аҳбоб» вожаи «парвона» - ро чунин тафсир кардааст: «Парвона чароғвора бошад ва ӯ парандае бувад, ки худро ба чароғ занад ва бисӯзад ва ӯро магаси чароғ хонанд» (Душанбе, 1992, саҳ. 140). Дар «Бурҳони қотеъ» вожаҳои шабпара ва шабпарак ва парвона чунин маънидод шудаанд: «Шабпара» ва «шабпарак» маъруф аст, ки мурғи Исо бошад ва ба арабӣ «хуффош» хонанд. Гӯянд, чун ӯро бикушанд ва бар зиҳори кӯдакон пеш аз булуғ бимоланд, манъи баромадани мӯй кунад ва агар ӯро дар сӯрохии муш ниҳанд, ҳама бигрезанд» (Душанбе, 2004, ҷ. 2, саҳ. 205). «Парвона» бар вазни фарзона маъруф аст ва он ҷонвараке бошад, ки шабҳо худро ба шуълаи шамъу чароғ занад» (Душанбе, 1993, ҷ.1, саҳ. 234). Дар «Ғиёс – ул - луғот» парвона чунин шарҳ дода шудааст: «Парвона номи ҷонвари маъруф; ва ин мураккаб аз парв, ки ба маънии ситора аст ва маҷозан ба маънии нури чароғ ва шамъ ва лафзи она, ки калимаи нисбат аст, чунон ки ангуштвона ба маънии зеҳгир» (Душанбе, 1987, ҷ. 1, саҳ 164); Ба вожаи «хуффош» чунин шарҳро овардааст: «Хуффош номи тоир, ки онро шабпар гӯянд (аз «Қомус» ва «Мунтахаб» ва «Мадор» ва «Баҳр – ул - ҷавоҳир» ҷ.1, саҳ. 208). Дар «Мунтахаб - ул - луғот» вожаи хуффош ин тавр маънидод шудааст: «Хуффош – шапара; ва дар «Қомус» хуффош – ро ба ватвот баён карда; ва дар «Ватвот» гуфта, ки ватвот хуффош бошад» (Душанбе, 2003, саҳ. 185 - 186). Дар «Фарҳанги форсӣ» - и Амид шабпарак чунин тафсир шудааст: «Шабпара» – 1. хаффош – шабпарак (нигоҳ хаффош) (саҳ. 661). «Хаффош ҷонваре аст сиёҳранги шабеҳи муш, дасту пояш ба пардаи нозуке ва ба ҳам муттасил ва ба шакли бол мебошад, ки бо он метавонад мисли парандагон парвоз кунад... Ба арабӣ ватвот мегӯянд. Дар форсӣ шабпара ва шабпарак ва шаббоза ва шабёза ва шабкӯр, харбевоз, харбвоз ва харбевоз ва харпевоз ва певоз ва харбӯз ҳам гуфта шуд» (саҳ.457). Шарҳи «парвона» чунин омадааст: «Парвона ҳашарае аст, дорои болҳои хушнӯг, ки рӯи гулҳо ва гиёҳҳо менишинад ва шираи онҳоро мемакад ва онро шоҳпарак ва парвонаи рӯз ҳам мегӯянд. Ва низ ҳашароти болдори кучаке аст, ки шабҳо гирди чароғ ё шамъ мегардад ва гоҳе дар шуълаи чароғ месӯзад ва онро парвонаи шаб ҳам мегӯянд» (саҳ. 266). Доктор Муҳаммад Муин дар «Фарҳанги форсӣ» вожаҳои «шабпарак» ва «парвона» - ро чунин шарҳ додааст: «Шабпара – шабпарак – хуффош» (Теҳрон, 1375, ҷ.2, саҳ. 2015); «Парвона» – 1. Як фард аз тираи парвонагони ҷузву раддаи ҳашарот, ки гунаҳо ва ақсоми мутаъдад дорад. Парвонагон ҷамъ. Парвонагон аз тираи ҳашарот, ки дорои 4 боли нозуки пӯшида аз пулакҳои латифи кучаке аст, ки ғолибан рангинанд, қитъоти даҳонии ин ҷонварон ҷиҳати макидани моеот тағйири шакл ёфта бад ин сурат ду орвораи (ҷоғи) ҳайвон ба шакли лӯлае даромада ва хартуми тавилеро ташкил медиҳад... Парвонаҳои шабона парвонагоне ҳастанд, ки гунаҳои мутаъдадеро шомил мешаванд. Болҳои ин парвонаҳо дар мавқеи истироҳат ба ҳолати уфуқӣ қарор мегиранд. Парвонаҳои ғуруб парвонагоне ҳастанд, ки монанди парвонагони шабона болҳояшон дар мавқеи истироҳат уфуқӣ аст. Гунаҳои аз ин даста парвонагон, ки дар дохили амокини мартуб ва зери заминҳои торик мезиянд ва ба рӯи болҳои қаҳваирангашон нақши сари мурдаеро доранд. Навзоди гунаи ахир муфтхӯри (паразити) себи заминӣ мешавад. (ҷ.1, саҳ.761). Доктор Муҳаммад Муин дар «Фарҳанги форсӣ» дар шарҳи шапарак чунин овардааст: «шабпара, шабпарак, хаффош» (ҷ. 2 саҳ. 2015). Вожаи «хаффош» - ро Муин чунин шарҳ бастааст: «Хаффош пистондоре аст аз ростаи хаффошони сиёҳранг, шабеҳи муш. Дасту пои вай бо пардаи нозуке ба ҳам муттасил ва ба шакли бол аст ва бад он парвоз мекунад. Дасти хаффош панҷ ангушт дорад. Шасти (ангушти) вай кӯтоҳ аст ва ба чанголи тез хатм мешавад. Пӯзаҳои (фукҳои) борик ва ду гӯши барҷаста ва дандонҳои тез дорад. Чашмҳояш ҷид аст ва бад – ин сабаб рӯзҳоро дар торикӣ ба сар мебарад ва ҳангоми ғуруб парвоз мекунад» (1375, ҷ. 1, саҳ. 1430) Мураттибони «Фарҳанги форсии имрӯз» Ғуломҳусейни Афшор ва дигарон (Теҳрон, 1375, 1240 саҳ.) вожаҳои мазкурро бад – ин тариқ шарҳ бастаанд: «Шабпара – шабпаракҳо, шабпаргон. 1. Ҳар яке аз ҳашароти тираи шабпараҳо; шоҳпарак. Шабпараҳо тирае аз ҳашароти ростаи пулакболон бо рангҳои тира ва лорвҳои (кирмҳои) бисёр зиёд, ки дастаҷамъӣ ба дунболи ҳам ҳаракат мекунанд ва шабпарвозанд» (саҳ. 721). «Парвона» (парвонаҳо, парвонагон): 1- гунаҳое аз ҳашароти рӯзпарвоз аз ростаи пулакболон бо болҳои паҳнпӯшида аз пулаки рангезадори интиҳои шохак нисбатан дурушт ва зиндагии чаҳормарҳалаӣ (тухм, навзод, шуфро (пулаки чашм ва булуғ; шабпара) (саҳ. 269). Дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» (М. 1965), ки зери таҳрири Алӣ Асадуллоев ва Л. С. Пейсиков нашр шудааст, вожаҳои бабочка ва мышь чунин тарҷума шудаанд: «бабочка – парвона». Шабпарак (ночное) (саҳ. 39); мышь – муш; летучая мышь – хаффош, шабпара (саҳ. 412). Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаҳои «шабпарак», «хаффош» «кӯршапарак» ва парвона» чунин маънидод шудаанд: «Шабпарак» ниг. ба шабпара; шабпарак – хаффош» (ҷ.2, 1969 саҳ. 556); «Хаффош// хуффош - кӯршапарак (ҷ.2, саҳ 472); «Кӯршапарак ҷонварест, ки дасту пои бо парда ба ҳам пайвастааш ҳамчун бол хидмат мекунад ва рӯзҳо бинобар надидани чашмаш аз лона намебарояд, хаффош, ватвот» (ҷ. 1, саҳ.581). Парвона: 1 – ҳашароте, ки дар шаб гирди чароғ, шамъ ва ғайра мегардад ва худро ба онҳо мезанад; парвонаи чароғ» (ҷ. 2, саҳ. 29 – 30). Устод С. Айнӣ дар «Луғати нимтафсирии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» («Куллиёт, ҷ. 12, 1976») вожаҳои «шабпарак», «шапалак» ва «парвона» - ро чунин маънидод кардааст: «Шабпарак» нигоҳ кун ба шабпара. Шабпара парандаест, ки рӯзона аз хонааш намебарояд ва шаб мепарад. Шабпарра – шабпарак» (саҳ. 462); Шапалак 1. парвонаҳое, ки шабона ба гирди чароғ ҷамъ мешаванд. (Ин калима «аз шапарак» вайрон шудааст; 2. Ҳар гуна ҳашароти аз парандаи аз кирм рӯида (парвонаи аз кирмаки абрешим рӯянда ҳам ба ин дохил аст) (саҳ. 466); «Парвона» ҳашароти парандаест, ки шабҳо ба пеши шамъ меояд ва худро ба шуълаи шамъ мезанад. Парвона шудан ба касе аз ҳад зиёд меҳрубонӣ кардан (маҷоз) (саҳ. 285). Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаҳои «парвона», «шапарак», «кӯршабпарак», «хаффош» чунин тафсир шудаанд: Парвона зоол. ҳашароте, ки дар шаб гирди чароғ, шамъ ва ғайра мегардад ва худро ба онҳо мезанад; парвонаи чароғ, 2. маҷ. ошиқ; муштоқ, иштиёқманд; парвона шудан ба чизе, касе а) гирди чизе, касе гаштан, дар атрофи чизе, касе чарх задан; б) ба чизе, касе бисёр наздик шудан; дил додан ба касе, чизе (ҷ. 2, 2010, саҳ. 69). Шабпара// шабпарак – кӯршабпарак, хаффош, муши парон (ҷ. 2, саҳ. 644). Кӯршапарак зоол. ҷонварест болдор, ки бинобар заиф будани биноии чашмаш рӯзҳо хобида, шабона парвоз мекунад, хаффош, ватвот, шабпара (ҷ.1, саҳ. 671). Хоффош – кӯршапарак, муши паррон (ҷ. 2, саҳ. 449). И. В. Абдусаломов, В. Г. Баева, И. И. Линдт дар дастури таълимии «Олами ҳайвоноти Тоҷикистон» (Душанбе, 1979, саҳ. 96), ки барои хонандагони синфи 7 пешбинӣ шудааст, танҳо оид ба шапалакҳо (парвонаҳо дар назар дошта шудааст – С. А.) маълумот додаанд. Баррасии чанде аз фарҳангҳои тафсирии пешину имрӯза ва фарҳангҳои дузабона моро ба чунин хулосаҳо овард: Аввалан, шакли дурусти калима шабпарак маҳсуб мегардад. Шапалак, чунон ки устод С. Айнӣ дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» таъкид кардаанд, шакли вайроншудаи шабпарак аст. Сониян, зери мафҳуми шабпарак ҳамон хуффош ва кӯршапарак дар назар дошта мешавад. Севум, парвонаҳо гуногуннавъ буда, парвонаҳои рӯзона, шабона ва гирди чароғ парвозкунандаҳоро фаро мегирад. Парвонаи аз кирми пилла баромада низ ба навъи гуногуни парвонаҳо дохил мегардад. Чорум, агар вожаи шапарак - ро ба назардошти калимасозӣ таҳлил кунем, носаҳеҳ будани он баръало равшан мегардад (он аз ду реша – шаб ва пар сохта шудааст). С. Аминов, Д. Нуриддинова
Иловакунӣ
Иловакунии фикр