Нашрияи Омӯзгор

Эҷодиёти халқ ва тарбияи насли наврас

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 837        Шарҳ: 0

Эҷодиёти халқ дорои беҳтарин намунаҳои адабиёти бачагона буда, ҳиссае аз онҳо дар маҷмӯаҳои «Афсонаҳои халқи тоҷик», «Латифаҳои тоҷикӣ», «Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ», «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ», «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» ва ҳоказо ворид гаштаанд ва дар инкишофу ғанӣ гардонидани адабиёти тоҷик саҳми арзанда доранд. 
Эҷодиёти халқ (даҳонӣ ва шифоҳӣ) роҳнамои ҳаёти мардум буда, барои инкишофи завқи эстетикии хонандагон низ нақши муҳим мебозад. Муҳаббату шавқи онҳоро нисбат ба табиати зебо, наботот, ҳайвонот афзун намуда, захираи луғавии онҳоро бой мегардонанд. Донистани қонунҳои табиат дар кӯдакон аз синни 1,5 солагӣ ибтидо мегирад ва барои инкишофи завқи баланди кӯдак замина мегузорад. 
Аз ин ҷост, ки чи дар муҳити оила, чи дар муҳити муассисаҳои таълимӣ мутолиаи асарҳои фолклорӣ ҳатмист. Дар китобҳои дарсӣ намунаҳои фолклор ба чашм мерасанд. Дар адабиёти тоҷик намунаҳои аввалин асарҳои фолклорӣ барои бачагон ҳанӯз аз солҳои бистуму сиюми асри гузашта ба воситаи китобҳои дарсӣ ба табъ расидааст. Асарҳои фолклории бачагона аз ҷиҳати шакл хеле гуногунанд, вале аз ҷиҳати мазмун бештар ба ҳаёти маишӣ ва расму ойинҳои халқ нигаронида шудаанд. Дар дарсҳои ҳаррӯза омӯзгор бояд аз фолклор истифода бурда, мазмуну мақсади гӯяндаро ба шогирдон кушода диҳад. Аксарияти қаҳрамонони асарҳои фолклорӣ ҳайвонот ва парандагон мебошанд ва ҳамчунин, ба воситаи ин персонажҳо хулқи неку бади одамӣ инъикос ёфтааст. Масалан: рӯбоҳ дар ҳамаи афсонаҳо фиребгару маккор, дурӯя, хушомадгӯ, гург - даранда, бераҳму ҷоҳилу нодон, харгӯш - тарсончаку буздил, саг- содиқ ва вафодор, шағол - дузду тороҷгар, мӯрча - меҳнаткаш қурбоққа-танбалу холабеғам, акка-хабаркашу иғвогар, фароштурук-дӯсти инсон тасвир шудааст. Ман дар таҷрибаи 39 - солаи омӯзгориам бештар аз фолклор истифода мебарам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки шогирдон ба маънои асар сарфаҳм раванд. Инак, чанд намуди истифодаи фолклор дар синфҳои ибтидоӣ. Ҳангоми хондани зарбулмасали «фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар»-ро гуфта аз кӯдакон мазмуни онро мепурсам. Онҳо мувофиқи фаҳмиши худашон маънидод мекунанд.Ҷавоби шогирдонам ин буд: Касе аз фармони падару модар набарояд, ҳамеша ба хизматашон омода бошад, меҳнатдӯст бошад, ӯ фарзанди нек аст. Фарзанде, ки дурӯғгӯӣ кунад, супоришҳои волидонро иҷро накунад, ӯ фарзанди бад аст. Ҳамин тариқ, хонандагон бо навбат зарбулмасалро мувофиқи қобилияташон маънидод намуданд. Мисоли дигар, истифодаи чистон низ мувофиқи мақсад аст, чунки барои ёфтани чистон кӯдакон фикрронӣ намуда, мекӯшанд, ки ҷавобашро ёбанд.

Назира Тиллоева, 
омӯзгори мактаби №72-и шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш