Нашрияи Омӯзгор

Суду зиёни интернет

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Интернет воситаест, ки хонандаро ба дунёи рангину афсонавии илму маърифат ҳидоят мекунад. Он ба мо имкон медиҳад, ки маълумоти дилхоҳро дастрас намоем. 

Имрӯз сайёҳ барои ба як давлат сафар кардан аввал ба воситаи интернет аз вазъият ва обу ҳавои он кишвар огоҳ шуда, баъдан тасмими рафтанро мегирад. Омӯзгор барои гузаронидани дарсҳои илмӣ - амалӣ ва тарбиявӣ маълумотро аз интернет дастрас мекунад. Табиб барои сайқал додани дониши худ рӯ ба интернет меорад. Тоҷир моли худро ба воситаи интернет савдо мекунад...

Имрӯз дар дунё зиёда аз 3,6 миллиард нафар аз интернет истифода мебаранд. Ҳамзамон, шабакаи мазкур ба як қисми муҳими ҳаёти ҷавонони имрӯза табдил ёфтааст. Аксари ҷавонон, хусусан донишҷӯён, интернетро ҳамчун сарчашмаи асосии манбаъ, маълумот ва иттилоот истифода мебаранд.

Бояд қайд кард, ки воситаи алоқа ҳар қадар пурқувват бошад, барои инсон ҳамон қадар  хатарнок ҳам ҳаст. Ба ин монанд, интернет низ воситаи хеле неруманд  аст. Ин аст, ки интернет низ хатари ҷиддӣ дорад. Барои ҳамин, то қадри имкон онро бояд эҳтиёткорона истифода бурд. Инро ба назар гирифта, 40 давлати узви Шӯрои Аврупо шартномаи байналмилалӣ бар зидди ҷинояти кибернетикиро барои ҳифзи ҷомеаи худ тартиб додаанд.

Як хатари бениҳоят ҷиддӣ ва асосӣ пахши филмҳои бадахлоқӣ (порнография) дар шабакаи интернет мебошад. Ин навъ филмҳо ба соҳибонашон дар як сол 2,5 миллиард доллари ИМА фоида меоранд. Дар давоми панҷ соли охир сайтҳо ва саҳифаҳои веб-порнографӣ қариб 19 маротиба афзудаанд. 

Тибқи баъзе маълумот, ҳоло саҳифаҳои порнографӣ зиёда аз 260 миллионро ташкил медиҳанд ва ин шумора бо суръати баланд зиёд шуда истодааст.

Баъзе ҳолатҳо ба почтаи электронии интернетистифодабарнадагон мактубҳо бо сарлавҳаҳои ҷолибу диққатҷалбкунанда, бе иҷозат ворид мешаванд, ки ба мазмуни ҳақиқии он сарфаҳм рафтан имконнопазир аст. Аммо ҳангоми кушодани мактуб зуд ба чашми шумо аксҳои урёну нимурён намоён мешаванд. Дар ин ҳолат инсон дарк намекунад, ки ба он  оҳиста-оҳиста дода мешаваду одат мекунад ва баъдан қурбон мешавад.

Ҳамзамон, табибон (гинекологон)-и машҳури дунё дар натиҷаи таҳқиқоту санҷишҳои чандинсолаи худ ба хулосае омадаанд, ки тамошои зиёди филмҳо ва аксҳои порнографӣ мардро безурёт мегардонад.

Виктор Клайн, табибе, ки садҳо нафари ба ин дом афтодаро табобат кардааст, мегӯяд: “Онҳое, ки ба аксу наворҳои порнографӣ зиёд таваҷҷуҳ мекунанд, дар натиҷа  паҳлуи торики зиндагиашон рӯ мезанад, ки оқибат онҳоро бегона ва аз арзишҳои умумиинсонӣ  маҳрум месозад”

Тани урёну нимурёни зан имрӯз тамаддуни Аврупо, Амрико ва ҳатто аҳолии ҷаҳонро ба нестӣ бурда истодааст, ки инро ҷомеа ҳоло чандон дарк накардааст. Ин дар ҳақиқат вабо аст ва барои ҷомеаи тоҷик низ хавф ва хатари ҷиддӣ дорад.

Бо мурури замон техника ва технологияи иттилоотӣ  тараққӣ карда, дастраси ҳар як фард гардид.  Мавриди зикр аст, ки имрӯз аксарияти корхонаю  муассисаҳои кишвар бо интернет пайваст шудаанд ва корхонаеро тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ба шабакаи мазкур пайваст набошад ва ё дар пайи кӯшиши истифодаи он набошад.

Агар интернетро бо китобу рӯзномаҳо муқоиса кунем, бешубҳа, гуфта метавонем, ки ба воситаи интернет маълумотро дастрас кардан осону қулайтар аст. Чунки интернет шакли осони иттилоот буда, ҷиҳати самаранокии корро хуб мегардонад.

Бинобар ин, солҳои охир, пас аз тараққӣ кардани илму техника мардум каме аз китобу китобхонӣ дур шуда, рӯ ба интернет оварданд. Дар ҳамин маврид саволе ба миён меояд, ки оё интернет ҷои китобро гирифта метавонад?

- Ман гумон мекунам, ки интернет ҷои китобро гирифта наметавонад. Аз он сабаб, ки баъзе хонандагон ба мазмуну муҳтавои маълумоти аз интернет пайдокардаашон он қадар аҳамият намедиҳад. Дар  китоб бошад, вай баръакс, ҷустуҷӯ мекунад, мехонад, таҳлил карда, ба хубӣ дарк хоҳад кард. Як ҷиҳати бартарии интернет дар он аст, он маълумоте, ки дар китоб нест, дар он  дода мешавад. Вале новобаста ба ҳамаи ин китоб ҳеҷ вақт дар байни воситаҳои маълумотдиҳанда мавқеи худро гум намекунад.

Солҳои охир, пас аз тараққӣ кардани илму техника, дар ҳар як нуқтаи хизматрасонии  шаҳр бо «интернет - кафе»-ҳо рӯ ба рӯ мешавем, ки аксар вақт хонандаҳои мактаб ба сари компютер нишаста, машғули бозиҳои гуногун мешаванд.

Модоме ки кӯдак аз овони хурдсолӣ китобхониро ба як тараф гузошта, машғули бозиҳои бемаънӣ мешавад, дониши ӯ чӣ гуна сайқал меёбад? Аз ин хел наврасон барои саҳм гузоштан ба тараққиёти давлату миллат чиро умед хоҳем кард?

Ҳамин тариқ, аз як ҷиҳат рушди интернет миёни ҷомеа таъсири мусбат расонида, дар баробари ин, мутаассифона, ҷиҳатҳои манфиаш низ ба чашм мерасад. Ҷиҳати фоиданокии шабакаи мазкур дар он аст, ки дар мавриди истифодаи дурусти он савияи ҷаҳонбинӣ ва дониши ҳар як истифодабарандаро такон дода,  фаврӣ гардонидани кору хизматрасониҳои соҳаҳои иҷтимоии давлатро таъмин менамояд.

Мутаассифона, бархе аз ҷавонони имрӯза ба саҳифаҳои номатлуб ворид мешаванд, ки ин амал дар ҳиссиёташон ҷой гирифта, одобу рафторашонро коста месозанд. Қисме аз ҷавонписарону ҷавондухтарон вақти пурқимати худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, «одноклассники»-ва «чат»-ҳо мегузаронанд. Вале аз он бехабаранд, ки умри ҷавони хешро сарфи кирдорҳои беҳуда намуда  истодаанду дар оянда он  таъсири манфии худро мерасонад.

Падару модар, вақте ба хона интернет мегузаронанд, аз он истифода бурдани фарзандонашонро бояд зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Саволе ба миён меояд, ки «Оё истифодаи интернет барои хонандагон бояд чӣ гуна ба роҳ монда шавад?»

Ҳамин тариқ,  истифодаи шабакаи мазкур аз тарафи омӯзгорон тавре ба роҳ монда шавад, ки барои  хонандагон истифодаи сомонаҳои номатлуб дастнорас бошад.  Яъне  истифодаи самаранок ё бесамари интернет ин ба шуур ва мафкураи ҳар як фард вобастагии зич дорад.

 

Фатҳулло САНГОВ,

омӯзгори технологияи иттилоотии мактаби №15-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш