Нашрияи Омӯзгор

Китоб омили муҳими забономӯзист

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

Китоб дӯсту ҳамдами инсон буда, шахсро ба дунёи рангини илму маърифат раҳнамун месозад. Омӯзиши васеи китоби бадеӣ донишу ҷаҳонбинии шахсро тавсеа бахшида, ӯро дар ҷомеа соҳибэҳтиром мегардонад. Аз тарафи дигар, ҷомеае, ки аҳли он соҳибмаърифатанд, ҳамеша инкишофу пешрафт мекунад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи омӯзиши фарогири осори бадеӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид, ки ба рушди инкишофи ҷаҳонбии наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Ин ҷо як нуктаро махсусан таъкид  бояд кард, ки озмуни мазкур аз як тараф, ба рушди ҷаҳонбинии насли наврас ташаккул бахшад, аз ҷониби дигар, онҳоро забондон мегардонад. Имрӯз бисёриҳо қоидаҳои забонро медонанд, вале ҳангоми навишт ба ғалатҳои зиёд роҳ медиҳанд. Бинобар ин, дар муассисаҳои таълимӣ аз зинаҳои поёнӣ дар баробари омӯзонидани қоидаҳои забон, хонандагонро бояд ба мутолиаи китобҳои  бадеӣ ҷалб намоем. Чунки хонанда ҳамон вақт беғалат менависад, ки  захираи луғавияш ғанӣ бошад. Забон оинаи тамомнамои миллат буда, соҳибони ин забон бояд чунон сухан ронанд, ки мусоҳиби мо дар ҳар калимаву ибора ва ҷумла  як ҷаҳон маънӣ ба худ гирад.. 
Хуб донистани забони модарӣ имкон фароҳам меорад, ки забонҳои хориҷиро низ дар сатҳи баланд азхуд намоем.  Аз ин рӯ, ҳангоми омӯзиши забони модарӣ ин нуктаро ба хонандагон бояд гӯшзад  намуд, то ба қадру манзалати забони хеш бирасем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид  таъкид намуданд: «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Барои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон роҳҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан, самараноку муфид пешниҳод намудани порчаҳои назмиву насрӣ барои азёд намудан муҳассилин нақши бузург мебозад. Аз як тараф, бо ин роҳ хонандагонро сухандон мегардонад, аз ҷониби дигар, ҳангоми навишт ба иштибоҳ роҳ намедиҳанд. 
Мо, омӯзгорон, ҳангоми дарс метавонем барои сухандону суханвар гардидани хонандагон аз роҳу усулҳои гуногуни таълимӣ истифода намоем. 

Қурбонгул РАҲМОНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш