Мусоҳиба бо директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Киромуддин Назаров -Устоди муҳтарам, нахуст мехостем дар бораи моҳият ва ҳадафи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» маълумот медодед. -Тибқи талаботи барномаи мазкур, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои банду моддаҳои барнома дар доираи маблағҳои пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ (ки қонунгузории ҷумҳурӣ манъ накардааст), чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар се моҳ ба Вазорати маориф ва илми кишвар ҳисобот пешниҳод менамоянд. Бояд зикр кард, ки нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома аз 17 банд иборат мебошад. Амалишавии 5 банди он ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 12 банди барнома ба Вазорати маориф ва илм вогузор гардидааст. Яке аз талаботи асосии барнома таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо ба шумор меравад. -Ҳамин масъала, яъне иҷрои бандҳои барномаро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба тавре муфассал тавзеҳ медодед. -Дар соли 2020 нақшаи харидории компютерҳо дар ҷумҳурӣ 10392 адад пешбинӣ гардида бошад ҳам, мутаассифона, дар умум, 3296 адад компютер харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст, ки ин 32 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳаду халос. Харидорӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо тибқи нақша 671 адад буда, дар соли гузашта 498 ададро ташкил медиҳад, ки баробар ба 74 фоизи иҷрои барнома мебошад. (Теъдоди зиёди харидории тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо ба ҳукумати шаҳри Душанбе рост меояд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 72014 адад компютер, 2991 адад тахтаи электронӣ, 11706 принтер ва 3983 видеопроектор мавҷуд буда, зиёда аз 2579 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд, ки аксари онҳо тариқи модем сурат гирифтааст. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, соли 2020 нақшаи харидории васоити техникии замони муосир (компютер, тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо) дар ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Ёвон, А.Ҷомӣ, Норак, Кӯлоб, Данғараи вилояти Хатлон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Хуҷанди вилояти Суғд, Душанбе, Роғун, Рашт тақрибан аз 45 то 100 фоиз иҷро гардидааст. -Шумо дар ин рӯйхат номи дигар шаҳру ноҳияҳоро номбар накардед. Сабаб дар чист? -Бале, шумо дуруст пай бурдед. Мутаассифона, шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки дар давоми соли гузашта умуман ягон васоити техникӣ харидорӣ накардаанд. Ҳамзамон, дигар шаҳру навоҳие низ ба чашм мерасанд, ки васоити техникиро бо теъдоди кам харидорӣ намудаанд. Аз ҷумла, ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон ва Ванҷи ВМКБ, Сангвор, Муъминобод, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ягон адад компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроектор харидорӣ накардаанд. Шаҳру ноҳияҳои Нуробод - 1 фоиз, Ваҳдат - 2, Варзоб - 6, Шаҳринав - 4, Айнӣ, Зафаробод, Истаравшан - 13, Панҷакент, Ҷ.Расулов - 10, Шаҳристон 13, Н.Хусрав - 3, Кӯшониён, Панҷ, Балҷувон, Хуросон - 5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 7 фоиз, нақшаи харидории васоити техникиро иҷро кардаанд, ки ин вазъ хеле ташвишовар мебошад. Худатон қазоват кунед: бо чунин аҳвол ва муносибати фориғболонаи мақомоти ҳокимияти шаҳру ноҳияҳои зикршуда чӣ тавр метавон ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим умед баст? Ҳол он ки ҳамасола рафти иҷрои барномаи дар тӯли ҳар се моҳ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм натиҷагирӣ ва ба унвони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мактуби расмӣ ирсол мегардад. -Мегуфтед, ки дар самти татбиқи бандҳои барнома аз ҷониби Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ чӣ корҳои анҷом дода мешавад? - Мувофиқи бандҳои 11, 12 ва 13-и барнома, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои омӯзишӣ ва семинару конфронсҳоро аз технологияи иттилоотӣ бояд ҳамасола ташкил ва баргузор намоянд. Оид ба иҷрои бандҳои номбурдаи барнома низ Вазорати маориф ва илм ба унвони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол менамояд. Вобаста ба иҷрои бандҳои 8, 9, 10 ва 15-и барнома Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди вазорат тӯли соли гузашта як силсила корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо курсҳои омӯзиши компютериро дар вақти таътили тобистона дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор намудааст, ки зиёда аз 40000 нафар омӯзгор ба ин курсҳо фаро гирифта шудаанд. Зикр кардан аз манфиат холӣ нест, ки аз ҷониби марказ 150 намуд дарсҳои видеоӣ таҳия ва омода шудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонда мешавад. Ҳамчунин, сомонаи марказ фаъол буда, дар он шакли электронии китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва аз ҷумла, 600 машғулияти таълимии видеоӣ ҷойгир карда шудааст, ки омӯзгорону хонандагон аз он ҳама метавонанд истифода кунанд. Ба мо ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шакли фитаҳои DVD аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ дастрас шудааст, ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ паҳн карда хоҳад шуд. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди талошҳои марказ, истифодаи ҳадафмандонаи технологияи иттилоотӣ аз ҷониби омӯзгорон дар раванди дарсҳо ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ намебошад, зеро худи онҳо бо компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дуруст кор карда наметавонанд. -Шумо ҳамчун сарвари марказ сабаби ин вазъро дар чӣ мебинед? -Бояд хотирнишон намуд, ки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои барномаи давлатиро танҳо дар харидорӣ ва таъмини таҷҳизоти техникӣ мебинанду халос. Ҳол он ки ҳар як кормандони соҳа вазифадор аст, ки дар раванди фаъолияти худ (шурӯъ аз кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ) нозукию ҷузъиёти технологияи замонавиро пурра донад ва дар раванди таълим аз он ба таври судманду муассир истифода бурда тавонад. Рисолати ҷонии роҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф маҳз аз ҳамин омил вобаста аст. Сабабҳои бо технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (компютер тахтаи электронӣ, видеопроектор) кор карда натавонистани бахши аъзами омӯзгорону устодон, пеш аз ҳама, дарк карда натавонистани мазмуну муҳтавои барномаи давлатӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва завқу майл надоштани онҳо ба шумор меравад. -Тавре маълум аст, дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ амал мекунанд. Фаъолияти марказҳои номбурдаро чӣ тавр арзёбӣ мекунед? - Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар назди раёсат ва шуъбаҳои маориф зиёда аз 71 марказ, бахшҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо фаъолияти пурсамар дошта, бо бинои алоҳида ва мустақилияти молиявӣ таъмин мебошанд. Вале дар баробари муваффақиятҳо, дар кори марказҳо норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, нарасидани мутахассисони варзида ва фаъолияти нокифояи марказҳо аз ҳамин қабил маҳсуб меёбад. Бояд қайд кард, ки нокифоя будани воҳидҳои корӣ дар шаҳру навоҳии Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун, Рашт, Бохтар, Левакант, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва чанди дигар ба пурсамар ва дар сатҳи баланд фаъолият намудани марказҳои ТИК таъсири манфӣ мерасонад. Омили дигаре, ки солҳост боиси ташвишу нигаронӣ мебошад, барои харидорӣ намудани васоити техникии муосир ва судманду муассир фаъолият кардани марказҳои технологии иттилооти коммуникатсионӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ ба шумор меравад. Мусоҳиб Шодӣ Раҷабзод, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр