Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои грамматикӣ дар дарс

Сана: 2021-01-23        Дида шуд: 869        Шарҳ: 0

Муносибати босалоҳият ба таълим, мо - омӯзгоронро водор менамояд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва истифодаи роҳу усулҳои самарабахши таълим бошем. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҷараёни дарс фаъолияти хонандагон нисбат ба фаъолияти омӯзгор зиёд аст, яъне онҳо фаъолияти гуногунро иҷро мекунанд. Ба монанди таҳлили грамматикии шифоҳӣ ва хаттӣ, хулоса баровардан, аз ёд кардани шеърҳо ва қоидаҳои грамматикӣ, рӯйнавис кардани ҳиҷо, калимаю ибораҳо ва ҷумлаҳо. Вақте ки вазифаҳои хонандагон ин қадар зиёданд, акнун дар таълими грамматика ва имло методе зарур аст, ки бояд ҳамаи ин фаъолияти хонандагонро ба тартиб дарорад. Ҳамин гуна метод, яъне методи ягонаи таълими грамматика ва имло дар синфҳои ибтидоӣ методи таҳлил ва таркиби овозӣ мебошад. Табиист, ки чанд соли охир омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар раванди дарсҳои саводомӯзӣ аз ин метод истифода менамоянд.
Бозиҳое, ки фикркуниро талаб мекунанд, на ҳама вақт барои хонандагон шавқангезанд. Аз ин рӯ,  ҳангоми иҷрои ин қабил бозиҳо ба навомӯзон фишор овардан лозим нест. Муҳим он аст, ки аз рӯзҳои аввал сар карда, омӯзгор дар дарсҳои забони модарӣ бо мақсади инкишофи нутқ ва тафаккури хонандагони хурдсол мақсаду вазифаҳои бозиро бо мақсаду вазифаҳои мавзӯи дарс барои ҳар як лаҳзаи дарс равшан пешкаш намояд.
Дар бозӣ мусобиқа мавқеи асосиро ишғол мекунад. Зеро ҳар як хонанда дар мусобиқа фаъолияти хуб нишон дода, барои ғалаба кардан талош меварзад. 
Бозии «Ёбед, ки ин чист?» - як навъ бозии таълимиест, ки ҳангоми иҷрои он хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Омӯзгор калимаҳои парокандаро номбар мекунад ва хонандагон меёбанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Масалан:
А) сафед, хурд, зимистон, ҳархела, аз осмон меояд (барф)
Б) гарм, тафсон, кӯҳ, ҳар субҳ мебарояд (офтоб).
Бозии «Ёфтани калима» - дар ин бозӣ омӯзгор ҳарфҳои аввалу охири калимаҳоро мегӯяд. Худи калимаҳоро бошад, хонандагон меёбанд. Масалан, ҳарфи калима «в», ҳарфи охираш «н» мебошад. Бачаҳо мегӯянд «ватан» ё ин ки аввали ҳарфи калима «б», ҳарфи охираш «р» аст. Бачаҳо мегӯянд «баҳор» ва ба ҳамин монанд.
Бозии «Аз рӯи ҳиҷои охир» - дар ин бозӣ хонандагон бештар фаъол буда, дар шакли давра гирд меоянд. Яке аз онҳо калимаеро ҳиҷо ба ҳиҷо талаффуз мекунад. Хонандае, ки дар назди хонандаи якум истодааст, бояд калимаи навбатиро, ки ҳиҷои аввалаш ҳиҷои охири калимаи якум бошад, талаффуз кунад. Масалан, хонандаи якум «ош-хо-на», хонандаи дуюм «нав-рӯз», хонандаи сеюм «рӯз-но-ма» ва ғайра.
Бояд ба монанди ин ва дигар бозиҳо миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ зиёдтар усулҳои босалоҳият истифода шаванд. Зеро таҳкурсии дониши хонандагон мустаҳкам гашта, ҳушёру зирак мешаванд. Ба тамоми омӯзгорон тавсия дода мешавад, ки аз чунин бозиҳо ба таври васеъ истифода баранд 

Гулнисо РАСУЛОВА, 
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №9, ноҳияи Айнӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш