Нашрияи Омӯзгор

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

Чанде пеш бо иштироки кормандони собиқадор ва омӯзгорони навовару эҷодкори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид.
Директори муассиса Ибодат Усмонова таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим омӯзгорон, пеш аз ҳама, бояд донандаи касби худ бошанд, эҷодкориву навовариро пеша намоянд. Қайд гардид, ки кормандони шуъбаи маориф, сарраёсати маорифи шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор ҳамеша дар пайи баланд бардоштани раванди таълиму тарбия мебошанд. Дастурҳои таълимӣ, китобҳои методӣ, маҷаллаву рӯзнома ва ҳафтаномаҳои соҳавӣ ҳам сари вақт дастраси омӯзгорон мегарданд.  Дар маҷаллаҳои  «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», ҳафтаномаҳои «Омӯзгор», «Минбари халқ» ва монанди инҳо  аз таҷрибаи кормандони варзидаи соҳаи маориф дар миқёси ҷумҳурӣ намунаҳо оварда мешаванд.

Назира ФАЙЗИЕВА, 
омӯзгор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш