Нашрияи Омӯзгор

Ҳама бояд масъул бошем

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Коррупсия кирдори  номатлуб буда, вобаста ба табиати худ  хеле мураккаб мебошад. Порагириву порадиҳӣ, азхудкуниву исрофкорӣ, соҳиб шудани амволи давлатӣ, дасткашӣ аз пардози андозҳо ва дигар пардохтҳо, ки ба қисмати даромади буҷаи давлатӣ равона гардидаанд, шаклҳои паҳнгаштатарини коррупсия дар замони муосир мебошанд. 
Коррупсия  чун дар тамоми ҷаҳон дар кишвари мо низ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Муқовимат бо коррупсияро Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ дониста, омода аст, ки самаранокии фаъолияташро дар ин самт бо иштироки тамоми шохаҳои  ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ таъмин намояд. 
Айни замон ришваситонӣ таъсири манфии худро ба сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ расонда, фаъолияти онҳоро заиф мегардонад. Ба гузаронидани тағйироти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии  иқтисодиёт халал расонда, дар ҷомеа ноадолатиро ҷорӣ менамояд. Коррупсия, ҳамчунин, поймол гардидани ҳуқуқи инсонро ба миён меорад, нобоварӣ ба мақомоти давлатиро ривоҷ дода, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ паст менамояд.  
Ин зуҳуроти номатлуб дар  рисолаҳо ва асарҳои динӣ низ мазаммат гардидааст. Ин одати бад то ба имрӯз боқӣ монда, бо шаклҳои мухталиф ҷомеаро олуда сохтааст. 
Коррупсия дар ҳама давлатҳо вуҷуд дошта, хавфи бештарро ба ҳамон кишварҳое дорад, ки дар раванди ислоҳот қарор доранд. Ин зуҳуроти нангин дар Тоҷикистон ба ин ё он андоза ба тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ сироят  карда, садди роҳи пешрафту такомули кишвар гардидааст. 
Бояд гуфт, мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли  ҷомеа, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин  сурат мо метавонем  сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем. Ба шогирдон фаҳмонем, ки аз ҳоло ба ин гуна одати бади инсонӣ роҳ надиҳанд, вагарна фардо обрӯи хешро аз даст хоҳанд дод.     

Саида САИДОВА, 
омӯзгори коллеҷи  тиббии
ноҳияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш